Дар Тоҷикистон боз ба се ширкати сайёҳии дигар иҷозатномаи фаъолият доданд

© Sputnik Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда
Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Мақомоти Тоҷҷикистон аз таъсиси се ширкати нави сайёҳӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Ширкатҳои “Мадади Шарқ”, “Амир саёҳат” ва “Сайри Шоҳин” вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон шуданд
ДУШАНБЕ, 24 июл - Sputnik. Бино бар иттилои кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ахиран се ширкати нави сайёҳӣ — “Мадади Шарқ”, “Амир саёҳат” ва “Сайри Шоҳин” вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардиданд.
Тавре манбаъ иттилоъ додааст ширкатҳои нави сайёҳӣ бо мақсади мусоидат дар роҳ ёфтани рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар таъсис дода шудаанд.
Гуфта шудааст, ки ахиран Ҳабибулло Амирбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар як маросими ботантана дар шаҳри Душанбе, ба роҳбарони ширкатҳои нави сайёҳӣ иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ супорид.
Туристические палатки на поляне Москвина в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Дар Тоҷикистон Феҳрасти давлатии захираҳои сайёҳӣ таҳия мешавад
Бояд қайд кард, ки дар солҳои ахир ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар солҳои ахир, дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ширкати нави сайёҳӣ соҳиби иҷозатнома гардида, вориди бозори сайёҳии кишвар шуданд.
Айни ҳол дар Тоҷикистон 226 ширкати ватанӣ дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият доранд.
Дар Тоҷҷикистон асосан навъҳои сайёҳии солимгардонию табобатӣ, шикор, экологӣ, аграрӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ маъмул мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала