Ду ба як: Иралӣ Хасбик ва Абдурозиқро ба ҷанг даъват кард - видео

© Abduroziq OfficialАбдурозик в Дубае
Абдурозик в Дубае  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
"Муҳориба" миёни блогерҳои ғайриоддӣ тобиши нав мегираду тезу тунд мешавад. Акнун як навраси 13 -солаи ӯзбек мехоҳад бо Хасбик ва Абдурозиқ ду ба як биҷангад
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Иралӣ, навраси 13 -сола аз Тирмизи Ӯзбекистон мебошад, ки ду моҳ боз дар Тошканд ба сар мебарад. Ӯ бо ҷасорати ба худ хос ду блогери машҳур Абдурозиқ ва Хасбикро ба рақобат мехонад.
"Ман борҳо дар интернет дидам, ки Хасбик ва Абдурозиқ аз рақобат мегуфтанд, вале ҳеҷ чиз нашуд, ман борҳо ба онҳо пешниҳоди ҷанг кардам, вале ба ман посух надоданд. Барои ҳамин ман имрӯз омадаам, ки ба онҳо шапалоқи ӯзбекиро нишон диҳам. Ман бисёр гап намезанам", - муроҷиат мекунад Иралӣ ба рақибони худ.
Иралӣ мегӯяд, аз ҳеҷ кас ҳарос надорад ва омода аст, ҳатто ду ба як биҷангад.

"Ман аз ҳеҷ кас наметарсам, ҳам Абдурозиқ ва ҳам Хасбикро ба ҷанг даъват мекунам, ман метавонам ду ба як биҷангам", - мегӯяд бо боварӣ Иралӣ.

Иралӣ мегӯяд на барои пул ҷанг мекунад, балки барои нишон додани паҳлавони ҳақиқии ӯзбек мехоҳад рақобат кунад.
Дар бораи макони баргузории муҳориба, ин наврас мегӯяд, барояш фарқе надорад, метавонад ба Тоҷикистон сафар кунад ё ба Доғистон раваду ё ин, ки рақибонашро дар Ӯзбекистон интизор шавад.
"Ман фарзанди Ӯзбекистони ҳамстам", - мегӯяд бо ифтихор Иралӣ.
Иралӣ дар бора реҷаи тамринаш нақл карда мегӯяд, аз субҳ бархоста аввал ба давидан машғул мешавад ва баъдан ба машқи бадан мепардозаду тамринро дар "фитнес-зал" идома медиҳад.
Парашют, шартнома ва камарбанди WBC: Абдурозиқ дар Дубай айш дорад
Ӯ аз мухлисонаш даъват кардааст, ки наворҳо дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кунанд, то Абдурозиқу Хасбик бубинанд ва ба ӯ посух бидиҳанд.
Ёдрас мешавем, набарди тан ба тани блогери 18-солаи доғистонӣ Хасбулло Магомедов, маъруф бо тахаллуси Хасбик ва Абдурозиқи 17-соларо блогерон аз Тоҷикистон ва Русия ташкил карданӣ буданд.
Таджикский певец и блогер Абдурозик во время пресс-конференции с российским блогером Хасбиком  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Абдурозиқ аз мағлуб кардани Хасбулло то орзуи мошини махсусу роҳати падар гуфт - навор
Он бояд 19 май баргузор мешуд вале ба гуфтаи Асхаб Тамаев, як марди саховатманди тоҷик ба Хасбику Абдурозиқ 1 миллион рублӣ пешниҳод кард ва онҳо аз муҳориба даст кашиданд.
Қади Хасбик 93 см ва вазнаш ҳамагӣ 18 килост. Абдурозиқ 17 сол дораду қадаш 1 метр ҳаст ва вазнаш 17 килост. Иралӣ бошад, ҳамагӣ 13 сол дораду қадаш 1 метр ва вазнаш 18 кило аст. Вале, бо вуҷуди хурд буданаш аз рақибони эҳтимолӣ, Иралӣ барои муҳориба бо боварии том, изҳори омодагӣ мекунад.
Баъди таънаи Ҳасбулло: Абдурозиқ ба омӯзиши забони русӣ оғоз кард – акс
Пештар волидони Абдурозиқ гуфта буданд, ки дар хурдсолӣ ӯ бемор шуду пас аз он дигар ҷисмаш бузург нашуд.
Абдурозиқ овозхони бо вуҷуди ҷавониаш дар Тоҷикистон машҳур мебошад. Клипҳои ӯ, ки асосан дар студияи "Авлод Медиа"-и рэпсарои шинохтаи тоҷик Барон (Беҳрӯз Набиев) сабт мешаванд, дар Ютуб чандин миллион тамошобин ҷамъ меоранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала