Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Муовини вазир гуфт, ягон ваксин дар Тоҷикистон таъсири манфӣ ба бор наовард

© Sputnik Муҳсинзода Ғафур, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон
Муҳсинзода Ғафур, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар кишвар бар асари гирифтани ваксин ягон таъсири манфӣ ба қайд гирифта нашуд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Муҳсинзода Ғафур, муовини якуми вазири тандурустии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ваксинҳо дар Тоҷикистон ба ягон нафар таъсири манфӣ нарасонданд.
Ӯ мегӯяд, дар умум ваксинҳое, ки алъон мавҷуданд боиси пайдо шудани оризаҳо намегарданд.
Ба таъкиди ӯ, ташхисҳое, ки пас аз гирифтани ваксин гузаронда шудааст, собит намудааст, ки ваксингирӣ муҷиби бад шудани вазъи саломатии инсон намегардад.

"Ин ваксинҳо ба бемороне, ки мубталои маризиҳои вазнин аз қабили саратон, касалии дил, қанд ва дигар бемориҳо доранд, тавсия дода мешаванд. Аммо аксари мардум бо вуҷуди ин аз гирифтани ваксин худдорӣ мекунанд", - тавзеҳ дод Муҳсинзода Ғафур.

Муовини вазир ҳамчунин аз таҷрибаи Вазорати тандурустӣ дар робита ба мубориза бо бемории коронавирус гуфта қайд намуд, ки дар камтарин кишварҳо гаштҳои хонагӣ, ки дар Тоҷикистон пайваста идома доранд, пиёда карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки то рӯзи 23 июл дар Тоҷикистон 447,1 ҳазор нафар барои ҳимояи худу наздиконаш ваксин алайҳи коронавирус гирифтанд.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорати тандурустӣ аз эҳтимолияти гардиши коронавируси навъи "Делта" дар Тоҷикистон гуфт
Гуфта мешавад, бо вояи дуюм аллакай 22,2 ҳазор нафар эмгузаронӣ шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ сар аз 23 март маъракаи иммунизатсия эълон карда шуд. Ҳоло дар кишвар ду навъ ваксин дар гардиш аст, ки яке AstraZeneca ва дигаре CoronaVac мебошад.
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон расман аз 21 июн сабт гардид ва ҳоло сафи дардмандони ин вирус ба 14 359 нафар баробар шудааст, ки аз ин миён 13 902 нафар шифо ёфта 116 бемор ҷон аз даст доданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала