Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Чанд қумандони "Толибон" асир афтоданд

© AFP 2021 / WAKIL KOHSARОфицер афганской полиции дежурит на заставе
Офицер афганской полиции дежурит на заставе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Дар доираи амалиётҳои зиддитеррористӣ, нерӯҳои амниятӣ чанд фармондеҳи ҷунбиши радикалии Толибонро боздошт карданд
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Нерӯҳои давлатии Афғонистон як қатор фармондеҳони ҷунбиши Толибонро (ҷунбиши радикалӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст) боздошт карданд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба маркази матбуотии вазорати дифоъи ин кишвар.
Террористон дар як қатор амалиётҳои зиддитеррористии нерӯҳои мудофиа ва амнияти миллӣ (ANSOB) дастгир шуданд.
Амалиёти зиддитеррористӣ дар шоҳроҳе, ки вилоятҳои Кобул ва Горро дар ғарби минтақаи пойтахт мепайвандад, сурат гирифт.
Жители Кабула вышли на митинг против талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Сокинони Тахор дар Кобул зидди "Толибон"* эътироз карданд: шимолро тарк кунед - видео
Дар байни фармондеҳони боздоштшудаи Толибон Муҳаммад Ҷон низ ҳаст, ки масъули назорати роҳ, саботаж ва ташкили ҳамлаҳо ба он аст. Чанд аъзои дигари Толибон безарар карда шуданд.
Ҳамчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якчанд деҳа дар шоҳроҳи Гор-Кобулро аз ҷангҷӯёни Толиб озод карданд. Панҷ минаи зиддитанкӣ, ки радикалҳо дар ин роҳ гузошта буданд, безарар карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон муқовимати низомиёни ҳукуматӣ бо Толибон идома дорад. Ҷангиён моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ин кишвар фаъол шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала