Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Вазорати тандурустӣ: мардум то ҳол хатари коронавирусро дарк накардаанд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе в медицинских масках на улице
Жители города Душанбе в медицинских масках на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Масъулини вазорати тандурустӣ таъкид доштанд, ки дар масъулини тамоми идораву корхонаҳои Тоҷикистон бояд бо коргарони худ масъалаи риояи қоидаҳои беҳдоштиро баррасӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Масъулини вазорати тандурустии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъкид доштан, ки ин масъала бояд аз ҷониби тамоми масъулини идораву корхонаҳои кишвар ҷиддӣ баррасӣ шавад.

“Қоидаҳои беҳдоштӣ дар Тоҷикистон ба пуррагӣ риоя намешаванд. Дар ҳудуди бозорҳову нақлиёти ҷамъиятӣ, ки дар он зичии аҳолӣ бениҳоят зиёд аст, риоя накадани қоидаҳои беҳдоштӣ мушоҳида мешавад”, - таъкид доштан масъулини вазорат.

Вай афзуд, ки масъулин ҳамеша тариқи телевизион оид ба паҳн нагаштан ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ барномаҳо ташкил мекунем. Аммо мутаасифона дар байни мардум ҷидди будани ин вазъ дарк немешавад.
“Мардум то ҳол ба таври пурра аз хатари коронавирус дарк накардаанд. Дар ин шароит худи ниқоб бояд як ҷузъи либоси доимии инсон бошад. Вақте, инсон ба берун мебарояд бояд ҳатман ниқобашро пӯшад”, - гуфтанд масъулини вазорати тандурустӣ.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки агар мардум дар якҷоягӣ бо мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ кунанд, дар масъалаи ваксиназанӣ ва чорабиниҳои пешгирикунанда низ ба мақсаде мерасем.
Автобус №8 в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорат гуфт, сокинони ҷумҳурӣ бештар дар куҷо гирифтори коронавирус шуданд
Ёдрас мешавем, ки имрӯз зимни нишасти матбуотӣ масъулини вазорати тандурустӣ қайд карданд, ки тибқи таҳлилҳои вазорат аксари нафароне, ки ба коронавирус гирифтор шуданд, дар хона сироят ёфтанд.
Ба гуфтаи вай, 43 дарсади сироятёбии сокинон дар шароити хонагӣ сурат гирифтааст. Инчунин, ба гуфтаи вай 12 дарсади сокинон дар корхонаҳо ва 11 дарсад дар маъракаҳо сироят ёфтанд.
Вай афзуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон аз панҷ нафари сироятёфта як нафараш бемориро вазнин мегузаронад, чаҳор нафари дигар коронавирусро дар шакли сабук сипарӣ мекунанд.
Ампулы с вакциной, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон боз 1,5 миллион воя ваксинаи ройгон мегирад
“Сироятёбӣ дар маъракаҳо бозору, нақлиёт ҳам рух медиҳад. Агар мо дастаҷамъона дар ин самт кор накунему ба мардум нафаҳмонем ин вирус ҳамин хел идома меёбад", - гуфт муовини вазири тандурустӣ.
Бояд гуфт, ки мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон расман аз 21 июн сабт гардид ва ҳоло сафи дардмандони ин вирус ба 14 359 нафар баробар шудааст, ки аз ин миён 13 902 нафар шифо ёфта 116 бемор ҷон аз даст доданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала