Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Песков: Русия муттаҳидонашро дар баробари таҳдидҳо аз Афғонистон танҳо намегузорад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксЕжегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина
Ежегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Котиби матбуоти роҳбари Федератсияи Русия Дмитрий Песков дар бораи дурнамои рушди вазъ дар Афғонистон изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 29 июл - Sputnik. Вазъи Афғонистон хусусан Русияро нигарон кардааст, гуфт котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков дар мусоҳиба бо хабарнигорон.
Вай иқрор шуд, ки аз вахим шудани вазъ дар ин кишвар "ҳама дар ҳаросанд".
"Мо бешубҳа омодаем, ки дар пасманзари таҳдиде, ки ҳаводиси Афғонистон метавонад эҷод кунад, бо шарикони худ бошем", - гуфт Песков.
Вай қайд кард, ки Русия бо иттифоқчиёни худ машқҳои низомӣ мегузаронад, то амалҳои муштаракро сайқал диҳад ва қобилияти мудофиавии худро санҷад.
Песков рӯшан кард, ки масъалаи ба марзҳои Афғонистон фиристодани як контингенти иловагии нерӯҳои мусаллаҳи Русия баррасӣ нашудааст.
Совещание по подведению итогов учений Кавказ-2016 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Шойгу: Пойгоҳи 201 Русия марзи Тоҷикистонро ҳимоя мекунад
Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи август дар тамрингоҳи Ҳарбмайдони Тоҷикистон, дар 20-километрии Афғонистон, тамринҳои муштараки Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мешаванд.
Ҳадафи асосии ин амалиётҳо рафъ кардан ва пешгирии ҳамлаҳои террористӣ мебошад. Дар ин тамринҳо ҳудуди 1,5 ҳазор низомӣ ширкат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала