Қарзи ҳангуфти "Барқи тоҷик": аҳолӣ 1,3 миллиард сомониро надодааст

CC BY-SA 3.0 / alzium / Здание энергохолдинга "Барки точик", архивное фото
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Дар умум, аз ин ширкат 3 миллиарду 191 миллион қарздор будаанд
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" ба ҳолати 1 июл ҳудуди 29 миллиаду 300 миллион сомониро ташкил медодааст.
Дар ин бора намояндагони ширкат дар рафти нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон хабар доданд.
Сангтудинская ГЭС-1 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Қарзи “Барқи тоҷик” дар назди НБО “Сангтуда-1” боз зиёд шуд
Ҳамин тавр, ширкати мазкур, аз ҳама бештар аз Вазорати молияи Тоҷикистон қарздор будааст, ки он ҳудуди 23 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, ин ширкат аз нерӯгоҳҳои "Сангтӯда - 1" - 1,9 миллиард сомонӣ, "Сангтӯда - 2" - 2,5 миллиард сомонӣ ва Бонки тиҷоратӣ -1,9 миллиард сомонӣ қарздор будааст.
Ҳамин тавр, қарзи умумии ширкат бештар аз 29 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи намояндагони "Бири тоҷик" ин қарздорӣ бештар ба талафот ёфтани барқ ва қарзи дигарон дар назди ин ширкат иртибот доштааст.
Гуфта мешавад, дар умум аз "Барқи тоҷик" 3 миллиарду 191 миллион сомонӣ қарздор будаанд.
"Аҳолии кишвар 1 миллиарду 327 миллион сомонӣ пули барқро пардохт накардааст", - гуфтанд намояндагони ширкат.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала