Ҳабси 7 корхонаи қарздор аз андоз дар Суғд ва бозгардонияшон баъди пардохти маблағ

© Sputnik Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд
Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Кормандони идораи андоз дар вилояти Суғд 7 корхонаи қарздорро ба ҳабс гирифта, танҳо баъди пардохти қарз ба моликонашон баргардондаанд
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки нисбати 7 корхона чораҳои ҳабс ва фурӯши молу мулк татбиқ гардид.
Воҳидов зимни нишасти матбуотӣ далели ҳабсро бемасъулиятии корхонаҳои мазкур дар пардохти 2, 1 миллион сомонӣ қарзи андоз гуфт. Ӯ афзуд, вақте молу мулки корхонаҳо ба фурӯш гузошта шуд, моликон қарзро пардохт намуданд.
Мужчина на фоне лейбла компании Google - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Apple сар карду дигарон аз пайаш: андозгирӣ аз абарширкатҳои ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон
Раиси Идораи андоз дар феҳрасти корхонаҳои қарздори ҳабсшуда, “Суғдтадес” - и шаҳри Хуҷанд бо қарзи 551 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Фаронак” - и ноҳияи Зафаробод - 304 ҳазор сомонӣ, Кооперативи тиҷоратии “Тайлонов” - и шаҳри Панҷакент - 518 ҳазор сомонӣ, Кооперативи тиҷоратии “Хуросониён” - и шаҳри Панҷакент - 102 ҳазор сомонӣ, Кооперативи истеҳсолии “Фирдавсӣ” - и шаҳри Панҷакент - 327 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти саҳҳомии “Пиллаи Спитамен” - 188 ҳазор сомонӣ ва “Комбинати истеҳсолии шаҳри Гулистон” бо қарзи 205 ҳазор сомониро ном бурд.
“Дар ҷараёни ба ҳабсгирӣ роҳбарон ва муассисон маблағи қарзи андозро пардохт намуданд ва корхонаҳо аз ҳабс озод шуда, дубора дар ихтиёри роҳбаронашон вогузор карда шуд”, - гуфт Воҳидов.
Масъулони Идораи андоз ҳаҷми бақияи қарзи андоз дар вилояти Суғдро 91, 2 миллион сомонӣ рақам заданд, ки дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ 40, 6 миллион сомонӣ ё 30, 8 % кам шудааст. Ба ҳисоби ҳабси 7 корхона аз ҳисоби татбиқи қарорҳои қабулшуда 46, 6 миллион сомонӣ бақияи қарзи андоз рӯёнида шудааст.
Ҳамин тариқ нақшаи даромад ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба андозаи 105, 5 % таъмин гардида ба ҷойи 1 милярду 723, 4 миллион сомонии пешбинигардида ба буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷҷетӣ 1818,0 миллион сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ин давраи соли 2020, ба маблағи 514, 2 миллион сомонӣ ё худ 39, 4 % зиёд гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала