Кӯфӣ: ҳузури ҷангҷӯёни хориҷӣ дар минтақаҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон афзоиш ёфт

© AP / Rahmat GulАфганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Узви Шӯрои мусолиҳаи милии Афғонистон эълон карадааст, ки ҳузури ҷангҷӯёни хориҷӣ дар манотиқи марзии Бадахшон бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Фавзия Кӯфӣ, намояндаи пешини мардуми вилояти Бадахшон дар парлумони Афғонистон ва узви Шӯрои олии масолиҳаи миллии ин кишвар ахиран таъкид доштааст, ки ҷангҷӯёни хориҷӣ ба ҳамроҳи хонавода дар навоҳии марзии Бадахшон бо Тоҷикистон ҳузур доранд, иттилоъ додааст “Шафақно”.
Хонум Кӯфӣ ҳушдор додааст, ки агар ҳузури ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Бадахшон идома ёбад, таҳдидҳо ва ноамниҳо дар кишвар зиёд хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, ки Сергей Шойгу, вазири дифои Русия қаблан эълом карда буд, ки дар сурате, агар ҷангҷӯёни Толибон* ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хатаре эҷод кунад бо посухи қотеъи Русия рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Вооруженные люди, выступающие против восстания талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Шикасти Толибон* дар ҷангҳо барои вилояти Ҳироти Афғонистон
Вазири дифои Русия гуфт, бархе аз аъзои гурӯҳи ДИИШ аз Сурия ва Либиё ба Афғонистон мунтақил шуданд.
Дар Афғонистон муқовимати низомиёни ҳукуматӣ бо Толибон (гуруҳи террористии дар Русияву Тоҷикистон мамнӯъ) идома дорад, ки дар пайи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз хоки ин кишвар оғоз шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, аз 398 ноҳия беш аз 200 тоша зери назорати Толибон (гуруҳи террористии дар Русияву Тоҷикистон мамнӯъ) қарор гирифтааст. Бархӯрдҳои шадид бошад, дар марзҳо бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала