Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Сироятшинос гуфт, чӣ хатари гирифторӣ ба коронавирусро коҳиш медиҳад

© Sputnik / Амир ИсаевЖенщина в защитной маске в городе Душанбе
Женщина в защитной маске в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Сироятшинос мегӯяд, хатари сироятёбӣ бо COVID-19 се маротиба кам мешавад, агар яке аз аъзои оила эм шуда бошад
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Як нафари эмшуда бар зидди коронавирус, хатари гирифтории дигар хешовандон ба COVID-19-ро то се маротиба коҳиш медиҳад, гуфт духтури бемориҳои сироятӣ Евгений Тимаков дар суҳбат бо РИА Новости.
Ба қавли сироятшинос, ҳатто дар сурати сироят шудан, эмшудаҳо вирусро камтар паҳн мекунанд.

"Як нафари эишуда дар оила, хатари сироятёбии дигар аъзои хонаводаро се маротиба кам мекунад", - гуфт Тимаков.

Вай қайд кард, ки шахси ваксингирифта дар сурати сироятёбӣ дар қиёс бо нафари эмнашуда вирусро камтар ихроҷ мекунад ва он вирусҳо ҳам камфаъол буда дар бадан мутатсия намешаванд.
Эмкунӣ бар зидди коронавирус дар ҳама минтақаҳои Федератсияи Русия гузаронида мешавад.
Художественная иллюстрация вируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад
Моҳи августи соли 2020, Вазорати тандурустии Русия аввалин ваксинаи ҷаҳониро барои пешгирии COVID-19 ба қайд гирифт, ки он аз ҷониби Маркази тадқиқотии электрохимияи Гамалея таҳия шуд. Он "Спутник V" ном дорад.
Инчунин дар Русия ваксинаҳои зидди COVID -19 - "ЭпиВакКорона" аз маркази "Вектор" -и Роспотребнадзор ва "КовиВак", ки аз ҷониби Маркази Чумакови Академияи илмҳои Русия таҳия шуд.
Авоили моҳи май дар бораи сабти ваксинаи чоруми русии "Спутник Лайт" маълум шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала