СММ: беш аз 40 миллион нафар дар шароити ғуломӣ зиндагӣ мекунанд

© AP / MUSADEQ SADEQАфганские дети собирают переработанные материалы для сжигания дров
Афганские дети собирают переработанные материалы для сжигания дров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид, дар саросари ҷаҳон беш аз 40 миллион нафар дар шароити ғуломӣ зиндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Созмони Милали Муттаҳид, дар як гузориши ахири худ навиштааст, ки дар ҳоли ҳозир, дар саросари ҷаҳон беш аз 40 миллион нафар ба шаклҳои гуногун ғулом ҳастанд.
Ҳамзамон СММ қайд кардааст, ки аз ин миён занону кӯдакон беш аз 70 дарсад аз қурбониёни ғуломиро ташкил медиҳанд.
Бар асоси ин гузориш, зиёдтарин қурбониёни ғуломӣ дар Африқо ва Осиё ба қайд гирифта шудааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и генеральный секретарь ООН Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Эмомалӣ Раҳмон Гутерришро бо интихоби дуборааш ба мақоми дабири кулли СММ шодбош гуфт
Ба иттилои СММ, дар як сол 600 то 800 ҳазор нафар қурбонии қочоқи инсон мешаванд.
СММ ҳамзамон таъккид доштааст, ки паҳншавии вируси корона осебпазириҳои қурбониён дар баробари масаълаи қочоқи инсонро ташдид кард, батавре, ки раҳгирии қочоқчиёни инсон сахттар шуду қурбониёни қочоқи инсон бо чолишҳое барои дарёфти кумак ва дастрасӣ ба адолат дасту панҷа нарм кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала