"Дар рӯятон чизе ҳаст": вазъи ногувори Ҷо Байден корбаронро хандонд - видео

© APПрезидент США Джо Байден
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Ба президенти ИМА зимни пахши мустақим ба "бақияи субҳона" дар манаҳи ӯ ишора карданд
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден бори дигар ба ҳолати ногувор афтод. Дар ин бора The ​​New York Post менависад.
Раҳбари Кохи Сафед бо губернаторҳо тариқи суҳбати видеоӣ сӯхторҳои ҷангалро муҳокима мекард.
Ҳангоми суҳбат ба Байден номае супурда шуд. Ба навиштаи The New York Post, ин "паём" аз яке аз ёварони президент буд, ки доғи хурдеро дар манаҳи ӯ пай бурд.
Байден номаро хонда, зуд манаҳашро бо дасташ пок кард ва ба ангуштони худ нигарист.
Баъд аз ин, сарвари давлат "дар ниҳоят кӯшиши берун шудан аз ин вазъро барбод дод", ӯ номаро пушт гардонда, чизеро дар он қайд кард.
Встреча президентов России и США В. Путина и Дж. Байдена в Женеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Иштибоҳи дигари Байден: ӯ Обамаро Трамп гуфт - видео
Ҳамин тариқ, рӯзноманигорон мундариҷаи номаро диданду хонданд.
Бояд қайд кард, ки сарвари кунунии Кохи Сафед бисёр ба ҳолатҳои ногувор меафтад: ӯ ё Камала Ҳаррисро президенти ИМА меномад, ё номи раҳбари Русия Владимир Путинро ("Президент Клутин") мегӯяд ё кишварҳоро аз ҳам фарқ намекунад (Сурияро Либия мегӯяд).
Шӯхии Лавров дар бораи дидори Путин ва Байден
Худи Байден инро эътироф кард ва худро "мошини ҳаргапгӯй" номид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала