Бархӯрди маргбор ба "Тико" дар Регар: ронандаи 18-сола аз уҳдаи идора набаромад

© МВД РТАвария на дороге в Таджикистане
Авария на дороге в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди маргбор дар ҷамоати Регар хабар дод, ки бо ҳалокати як зани мусофир анҷомидааст
ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Бархӯрди маргбори “Опел” бо “Тико” 2-юми августи соли 2021, тахминан соати 15:30 рух дод, навиштааст ВУД Тоҷикстон.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи мошини “Опел-Астра”, Жинаев Исохон, сокини 18-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Регар ба самти шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Байналмилали ҷамоати Регар, аз уҳдаи идораи автомашина набаромадаст.
Машина скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Бархӯрди маргбори ду мошину трактор дар ноҳияи Рӯдакӣ: 3 кас ҷон бохту 4 тани дигар маҷрӯҳ
ВУД тавзеҳ дод, ки дар пайи ноуҳдабароии ронандаи “Опел”, мошини мазкур ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Деу-Тико”, таҳти идораи ронанда Бобосаидов Тағоймурод, сокини 70-cолаи деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода бархӯрдааст.
“Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Деу-Тико”, Ахмедова Мавлудахон Аҳмадҷоновна, соли таваллудаш 1954, сокини ҷамоати деҳоти Пахтаобод, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоия.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала