Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Ҷунбиши “Аллоҳу Акбар”: фарохони Исмоилхон аз мардуми Ҳирот

© Facebook / Хадж Амир Мухаммад ИсмаилИсмаила-Хана - полевого командира афганских моджахедов
Исмаила-Хана - полевого командира афганских моджахедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Соати 9 – и шаби гузашта сокинони Ҳирот сари бомҳои худ баромада, фарёди “Аллоҳу Акбар” – ро сар доданд
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Ин вокуниш ба даъвати Амир Муҳаммад Исмоилхон, собиқ волӣ ва фармондеҳи маъруфи муҷоҳидини Ҳирот, буд, ки аз мардуми шаҳраш даъват кард, то барои ҳимоят аз нерӯҳои ҳукуматӣ ва муқовимат алайҳи "Толибон"* ҳамнавоии худро баён кунанд.
Вакил Аҳмад Ниёзӣ, як сокини шаҳри Ҳирот, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Амир Исмоилхон ба мардуми шаҳраш расман тариқи расонаҳо муроҷиат карда, гуфт, ки ҳамнавоии шумо бо муқоваматгарон ва нируҳои амниятӣ ва наърҳои баланду малакутии "Аллоҳу акбар" оғозе барои сарнагунии гурӯҳҳои террористӣ ва даҳшатгар хоҳад буд.
Что происходит в месте боевых действий афганцев с талибами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Ҷанг дар Афғонистон: Амир Исмоилхон дар хатти набард - видео аз ҷои ҳодиса
“Вай гуфт, ҳамон гуна, ки медонед дар ҳоле ки шумо наъраи “Аллоҳу акбар” сар медиҳед, нируҳои бошаҳомати амниятӣ ва фарзандони сарбаланди Ҳироти бостон ба пешравӣ ба самти ғарби шаҳр идома дода ва дар баробар душманони дину фарҳангамон мубориза мекунанд. Дуо ва ҳамкории шумо рӯҳияи баланд ва қуввати қалби сангардорони сарбаланди шумост”, - гуфт Вакил Аҳмад Ниёзӣ.
Дар посух ба фарохони Амир Исмоилхон соати 9 – и шаби гузашта сокинони шаҳри Ҳирот рӯи бомҳои хонаи хеш баромада, баробар наъраи “Аллоҳу Акбар” – ро сар доданд.
Як навори видеоие, ки дастраси Sputnik Тоҷикистон низ аз ин рухдод шаҳодат медиҳад. Дар ҳамин ҳол, бархе аз огаҳони вазъ бар инанд, ки эҳтимол дорад, ин амали сокинони Ҳирот ба як ҷунбиши саросарӣ дар Афғонистон табдил ёбад.
Муҳибуллоҳ Нурӣ, огоҳи масоили сиёсӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло тамоми Афғонистон аз зулму истибдоди “Толибон”* ва пуштибонони хориҷии онҳо азият мекашад, аз ин хотир, даъвати Амир Исмоилхон дар дигар гӯшаву канори кишвар низ ҳамовозӣ пайдо кард.
П/к делегации политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Таҳлилгари сиёсӣ: ба Толибон* набояд бовар кард
“Ин як ҷунбиши худҷӯш ва маънавӣ, ки аз сӯи мардум пуштибонӣ пайдо мекунад, беҳтарин фурсат аст, ки давлат қиём ва муқовамати мардум дар баробари “Толибон”* - ро ба номи "Ҷунбиши Аллоҳу акбар" роҳандозӣ кунад. Ин ҷунбиш ба хотири пуштибонӣ аз нерӯҳои амниятӣ ва хезишҳои мардумӣ ба манзури ҷамъ кардани бистари “Толибон”* аз Афғонистон аст”, - гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.
Шаҳри Ҳирот як ҳафта ба ин сӯ маҳалли даргирии нерӯҳои ҳукумату хезишҳои мардумӣ ва “Толибон”* буд.
Ин гуруҳ мехост шаҳрро ишғол кунад ва ба ин хотир ҳамлаҳои сангинеро ба соҳоти гуногуни шаҳр анҷом дода, муваффақ ба гирифтани маҳаллаҳои канори шаҳр шуд. Аммо шаби гузашта дар пайи як амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ ва Исмоилхон онҳо аз маҳаллаҳои ғарбӣ ақиб зада шуда, ҳамин лаҳзаҳо ҷангҳо дар қисматҳои ҷанубии шаҳр идома дорад.
Ҳирот, маркази вилояти Ҳирот, севумин шаҳри бузурги Афғонистон пас аз Кобулу Мазори Шариф буда, беш аз ним миллион нуфус дорад, ки ҳудуди 70% - и онро тоҷикон ташкил мекунанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала