Кобулов: Толибон* кишварҳои Осиёи Миёнаро аз террористон ҳимоят мекунанд

© Sputnik / Нина Зотина / Гузаштан ба хазинаи аксСпециальный представитель президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД РФ Замир Кабулов
Специальный представитель президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Замир Кобулов гурӯҳи Толибон*-ро ҳимоятгари вилоятҳои шимол хондааст
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Замир Кабулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, мудири шӯъбаи дуввуми Осиё дар Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ахиран гуфтааст, ки ҳузури Толибон* дар вилоятҳои шимоли Афғонистон ҳамчун муҳофизат аз паҳншавии гурӯҳҳои дигари террористӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
“"Худи ҳузури Толибон* дар ин минтақаҳо афзоиши таҳдидҳои террористони байналмилалӣ алайҳи кишварҳои Осиёи Марказиро бозмедорад", - гуфт Кабулов дар мизи мудаввар дар бораи “Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ: кӣ ба таъсиси давлати қавӣ кумак мекунад?".
Сухангӯи вазорати умури хориҷа қайд кард, ки ташкилотҳои террористӣ муддати тӯлонӣ дар қаламрави Афғонистон ҳузур доранд ва Толибон* бо онҳо даргиранду меҷанганд.
Дипломати рус қайд кард, ки Толибон* дар ояндаи наздик ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид нахоҳанд кард ва ҳамчунин хотиррасон шуд, ки далелҳои убури марзҳои Афғонистон вуҷуд надорад.
Талибы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Гурӯҳи Толибон* ба радиову телевизион дастрасӣ пайдо карданд: Ҳилманд наздик ба суқут аст
Ба гуфтаи Кобулов, гурӯҳи Толибон дар сухан ва амал нишон медиҳад, ки онҳо танҳо бо мушкилоти дохилии Афғонистон сарукор дорад.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Суди Олии Русия аз 14 феврали соли 2003 гурӯҳи Толибон ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф шудааст. Фаъолияти ӯ дар Русия мамнӯъ аст.
Бино бар гузоришҳои мақомоти минтақавӣ ва сиёсатмадорони Афғонистон, инчунин сокинони маҳаллӣ, Толибон* ба ҳамлаҳои террористӣ даст мезананд ва ҳадафашон тахриби иншоотҳои давлатӣ аст. Онҳо ба иншоотҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим ба мисли мактабҳо ҳамла мекунанд.
Дар вулусволиҳои зери назораташон ҷангҷӯён маҷбуранд бо духтарони бешавҳари аз 15-сола боло ва инчунин бо бевазанон издивоҷ мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башари маҳаллӣ ҳамчунин аз ҳодисаҳои қочоқи занон ба кишварҳои дигар хабар медиҳанд.
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Идомаи ҷанг дар Ҳирот: манотиқи васеъ поксозӣ ва 41 Толиб* ҳам кушта шуд
Мақомоти Афғонистон хабар медиҳанд, ки Толибон* аллакай чанд нафар тарҷумонҳое, ки бо Иёлоти Муттаҳида кор мекарданд, ба қатл расонданд. Ҳамчунин ҳолатҳои латукӯби фарзандони сарбозони афғон ва ҳамла ба халабонҳои артиши ҳукуматӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Як қатор кишварҳо ин ҳафта гузориш дар бораи Толибонро, ки ҷиноятҳои низомӣ даст доранд, ба хусус дар қатли омми мардуми осоишта дар вилояти Қандаҳорро нашр карданд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала