Барканории нозирони роҳ барои муносибати дурушт бо шаҳрвандон

Жезл ГИБДД  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳолатҳое ҳастанд, ки кормандони милисаро барои дуруштӣ бо шаҳрвандон аз мақом барканор мекунанд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Рӯзноманигорон дар нишасти матбуотии Рамазон Раҳимзода муносибати дурушту берун аз доираи одоби кормандони Бозрасии давлатии автомобилиро бо ронандагон ба миён гузоштанд.
Вазири умури дохилӣ эътироф кард, ки воқеан ҳолатҳои муносибати дурушт ҷой доранд.
Ӯ афзуд, ки барои чунин муносибат бо шаҳрвандон бархе мақомдорони умури дохилӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, аз мақомот озод гардиданд. Вазир теъдоди ҷазогирифтаҳо ё барканоршудаҳоро ироа накард.
Сотрудник милиции в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Чор соли зиндони Азаматов, собиқ мақомдори БДА, барои садамае, ки ҷони як милисаро гирифт
Раҳимзода гуфт, дар ниҳоди тобеяш Маркази таълимии кормандон фаъолият дорад ва ӯ дар пайи дарёфти шикоятҳо дастур додааст, ки сифати таълим дар Марказ беҳтар гардад, то чунин камбудиҳо дар мақомоти дохилӣ ҷой надошта бошанд.
Вазир инчунин эълони БДА – ро дар мавриди сабукӣ ба онҳое, ки маблағи ҷаримаро саривақт пардохт мекунанд, шарҳ дод.
Ӯ гуфт, ҷарима барои қонуншиканиҳо дар роҳ гуногун аст ва дар сурати саривақт пардохт кардан ҳаҷми ҳадди ақал татбиқ мешаваду дар сурати таъхиркорӣ меъёри баланд татбиқ мешавад.
Ин дар ҳолест, ки баъзан ба шабакаҳои иҷтимоӣ низ навори муносиботи дурушти кормандони БДА роҳ меёбанд, ки боиси интиқоди шаҳрвандон мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала