Раҳимзода қатли даҳшатбори як хонавода дар Ҷайҳунро шарҳ дод

© Sputnik / Амир ИсаевРамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Дар робита ба қатли даҳшатбори 4 узви як хонавода ду муттаҳам боздошт гардидаанд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Ҷинояти куштори як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳун сарбаста мемонад ва ё тафсилоти пурраи он ошкор шуд, чунин суол гузошта шуд ба вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ.
Вазир тавзеҳ дод, ки дар ноҳияи мазкур ҷинояти даҳшатбори куштор рух додааст, ки дар натиҷа чор узви як хонавода кушта шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло барои содир намудани ин амали нангин ду муттаҳам дар боздошт қарор доранд ва тафтишот дар ин самт ҳамоно идома дорад.
Раҳимзода дар идома ба хабарнигорон ваъда дод, ки аз рафти минбаъдаи тафтишот онҳоро дар ҷараён мегузорад.
Ёдрас мешавем, ки қаблан прокурори вилояти Хатлон, Абдураҳим Раҳимзода гуфта буд, тафтишот идома дорад ва ҳоло пурра муайян нашудааст, ки куштор аз тарафи кӣ содир шудааст.
Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Бо табар заданду алав сар доданд: шарҳи прокурор аз куштори 4 узви як хонавода дар Ҷайҳун
Хабари куштори 4 узви як хонавода дар вилояти Хатлон дар мобайнҳои моҳи июни соли равон сокинонро такон дода буд.
Субҳи 12 июн, дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ҷайҳун ҳамсояҳо шоҳиди баланд шудани дуд аз хонаи як сокини деҳа, марди 39-сола, Аҳлиддин Маҳмадов шуданд. Онҳо фикр карданд, ки сӯхтор сар задааст ва ба хомӯш кардани он шитофтанд, аммо ҳодисаи мудҳиштаре рух дода буд.
Гумонбарони қатли Маҳмадов бо се фарзанд дар Ҷайҳун боздошт шуданд
Дар ду ҳуҷра 4 узви хонавода беҳаракат мехобиданд ва осори хун дида мешуд. Дертар маълум гардид. ки се узви ин хонавода дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида худи соҳибхона пас аз ним соати интиқол ёфтан ба бемористон ҷон аз даст дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала