Созиши Раҳмону Бердимуҳаммадов барои ҷонибдорӣ аз номзадии тарафайн дар СММ

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои туркманаш, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов созиш карданд, ки дар бархе масъалаҳои байналмилалӣ номзадию пешниҳодҳои ҳамдигарро ҷонибдорӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Президенти Туркманистон номзадии Тоҷикистонро барои интихоб шудан ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 дастгирӣ намуд, омадааст дар изҳороти муштарак, ки матни онро котиботи Эмомалӣ Раҳмон нашр кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Президенти Тоҷикистон дар навбати худ номзадии Туркманистонро ба узвияти ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ барои солҳои 2031-2032 ҷонибдорӣ кард.
Инчунин Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ташаббуси Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ кард.
Эмомали Рахмон президент Таджикистана, и Гурбангулы Бердымухамедов президент Туркменистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Созиш: Туркманистон роҳи мошину қаторҳои самти Тоҷикистонро мекушояд?
Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси Бердимуҳаммадов дар бораи таҳияи Стратегияи СММ ҷиҳати татбиқи чораҳо барои рушди энергетикаи камкарбон, инчунин таҳияи "Харитаи роҳ" таҳти сарпарастии СММ барои рушди ҳидроген ҳамчун яке аз самтҳои авлавиятноки соҳаи энергетикаро дастгирӣ намуд.
Бар асоси изҳороти муштарак, Эмомалӣ Раҳмон ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои меҳмоннавозӣ сипос гуфта, даъват намудаст, ки дар фурсати барояш муносиб ба Тоҷикистон сафар анҷом диҳад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон даъвати боздид аз Тоҷикистонро қабул намудааст.
Дар изҳорот таъкид шудааст, ки таърихи сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала