То 42 дараҷа гармӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Сокинони шимоли Тоҷикистонро борон интизор аст, аммо ба пешбинии ҳавосанҷон дар ҷануби кишвар бошад, ҳаво бебориш ва ҷангу ғубор боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Рӯзона бебориш, шабона салқин: ҳавои Тоҷикистон моҳи август чӣ гуна мешавад
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар қисмати ҷанубии вилоят чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 21+23 ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала