Сафорат: ҷустуҷӯи куҳнаварди бедаракшудаи рус дар Помир идома дорад

© AFP 2021 / Philippe DesmazesАльпинисты катаются на лыжах на Монблане, Франция
Альпинисты катаются на лыжах на Монблане, Франция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, куҳнавардони русиягӣ, ки гуруҳашон дар куҳҳои Помир дучори нохушӣ шуда буд, ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Намояндагии Русия дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҷустуҷӯи куҳнавардаи бедаракшуда Александр Маслов идома дорад.
“Дар мавриди маргаш мо иттилое надодаем. Феълан ҷустуҷӯи ӯ идома дорад”, - иттилоъ доданд аз дафтари матбуоти сафорати Русия ба Sputnik Тоҷикистон.
Алксандр Маслови 33-сола, хатмкардаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Маскав – МГУ буда, як муддат дар ин даргоҳ дарс медодааст. Сипас ба соҳибкорӣ пардохтааст, аммо чун пештара узви бошгоҳи куҳнавардии МГУ будааст.
Бошгоҳи куҳнавардии Донишгоҳи давлатии Маскав - МГУ ҳодисаи нохуш зимни сайёҳати куҳнавардон таҳти роҳбарии Денис Осин дар Помири Марказиро шарҳ дода, гуфт, ҳодиса рӯзи 26 июл зимни ҳаракат дар масири қуллаи Сент – Экзюпарӣ рух додааст.
Вертолет Ми-8АМТШ-ВН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Хушшонс буд: видоъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо халабони чархболе, ки дар ВМКБ суқут кард
“Тӯдаи барфие, ки Саша Маслов болои он қарор дошт, афтид ва куҳнавард сарозер шуд. Аъзои дигари гуруҳ осеб надиданд”, - омадааст дар иттилоияе, ки бошгоҳи куҳнавардӣ нашр намудааст.
Манбаъ таъкид намудааст, ки аъзои гуруҳ ҳамроҳи бедаракшудаашонро то 4 август ҷустуҷӯ кардаанд, аммо натавонистаанд пайдо намоянд.
Субҳи чоруми август чархболе, ки ба кумаки куҳнавардон фиристода шуд, баъди партофтани таҷҳизоти зарурӣ ба куҳнавардон, баногоҳ суқут кардааст. Чор сарнишини чархбол ҷароҳатҳои гуногун бардошта, халабони он Сергей Тютин ба ҳалокат расидаст.
Феълан мақомоти Тоҷикистон расман қазияро шарҳ надодаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала