Толибон* мегӯянд, боз ду вилояти дигарро гирифтаанд

© REUTERS / JALIL AHMAD Бывшие моджахеды держат оружие, чтобы поддержать афганские силы в их борьбе против талибов
 Бывшие моджахеды держат оружие, чтобы поддержать афганские силы в их борьбе против талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Қаблан расонаҳои маҳаллӣ аз ишғоли шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯз аз ҷониби Толибон* хабар доданд
ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Раҳбарияти Толибон (ҷунбиши радикалӣ, ки дар Федератсияи Русия мамнӯъ аст) рӯзи шанбе гуфтанд, ки музофоти Нимрӯз дар ҷанубу ғарби Афғонистон ва инчунин Ҷузҷонро дар шимоли ин кишвар таҳти назорат гирифтанд.
Сухангӯи ин ҷунбиш дар Твиттер навиштааст, ки маркази Ҷузҷон Шибирғон, ки дар он ҷо бо нирӯҳои ҳукуматӣ меҷангиданд, таҳти назорати ин ҳаракат қарор гирифт.
Ин иттилои Толибон* дар ҳолест, ки як рӯз пеш Вазорати мудофиаи Афғонистон эълон кард, ки Шибирғон аз террористон пок карда шуд.
Қаблан расонаҳои маҳаллӣ аз забти шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯз аз ҷониби Толибон* хабар доданд. Дар ҳамин ҳол, низомиёни Афғонистон волии номниҳод Толибонро* аз байн бурданд.
Мулоқоти Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон бо Маршал Абдулрашид Дӯстум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Маршал Дӯстум ба Ғанӣ гуфт ба ӯ эътимод кунад: пешниҳоди эълони вазъияти низомӣ
Шаби гузашта нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамлаи ҷангҷӯёнро ба шаҳрҳои Файзобод ва Толиқон рафъ карданд; дар ҷараёни даргириҳо волии сояи Толибон* дар ноҳияи Дашти Арчӣ кушта шуд. Якҷоя бо ӯ 11 террорист низ нест карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки шаҳри Заранҷ аввалин маркази вилоят аст, ки ба дасти Толибон* меафтад, ки дар марз бо Эрон қарор дорад.
Вазъият дар Шибирғон, зодгоҳи Маршал Дӯстум низ хушбинкунанда ба назар намерасад.
Худи Абдулрашид Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллӣ имрӯз 7 август бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дидор карда, аз ӯ кумаки низомӣ хост ва пешниҳоди эълони вазъияти ҳарбиро дар кишвар кард.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала