Пулиси Маскав ба тафтиши ғайринақшавии муҳоҷирон мебарояд: сабаб

© Sputnik / Сергей Пивоваров / Гузаштан ба хазинаи аксПосадка на вывозной поезд из Ростова-на-Дону в Узбекистан
Посадка на вывозной поезд из Ростова-на-Дону в Узбекистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Объекти асосии рейдҳо ронандагони таксӣ ва ҷойҳои иқомати оммавии хориҷиён хоҳанд буд
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Санҷишҳои доимии муҳоҷирон дар Маскав ва вилояти Маскав оғоз мешаванд, менависад Pravda.ru.
Ба иттилои манбаъ, назоратро кормандони Бозрасии давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ ва Гвардияи миллӣ анҷом медиҳанд.
Ҳамин тавр, аз 14 август дар пойтахт ва вилояти Маскав рейди "Ронандаи таксӣ" оғоз мешавад.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ муҳоҷирони кориро, ки дар хадамоти таксиҳои Маскав кор мекунанд, тафтиш хоҳанд кард. Пеш аз ба кор даровардани идентификаторҳои рақамии ронандагони таксиҳо, полиси роҳ санҷиши мукаммал мегузаронад.
Сдача мигрантами экзамена по русскому языку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Қоидаҳои нав: аз 1 август дар Русия барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад
Ҳамчунин ҳангоми рейд технологияҳои "Умный город" истифода мешаванд.
Ҳамин тариқ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мехоҳанд нисбати ронандагони таксие, ки дар системаи КИС "АРТ"сабти ном нашудаанд, чораҳо муайян ва татбиқ кунанд.
Рейди дуввум бо номи "Муҳоҷир" дар ҷойҳои иқомати оммавии хориҷиёне, ки дар Русия кор мекунанд, сурат мегирад.
Рейдҳо аз сабаби зиёд шудани муноқишаҳои оммавӣ байни муҳоҷирон ба амал омадаанд. Тибқи гузориши ахири Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, сатҳи ҷинояткорӣ дар байни шаҳрвандони хориҷӣ аз аввали соли 2021 5% афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, фаъолияти ғайриқонунӣ афзоиш меёбад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала