Беш аз ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз мақомоти Хатлон кор талаб кардаанд

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузаштан ба хазинаи аксРабочий во время строительства многоквартирного жилого дома
Рабочий во время строительства многоквартирного жилого дома  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Мақомоти Хатлон хабар додааст, ки дар ҳафт моҳи соли равон беш аз 1300 сокиноне, ки қаблан ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, ба мақомоти Хатлон барои таъмини кор дар дохили кишвар дархост ирсол кардаанд
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Қобилҷон Файзализода, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон хабар додааст, ки барои бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохили кишвар ва таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо дар ҳафт моҳи соли равон ба мақомоти агентии ноҳияҳои вилоят 1349 муҳоҷири меҳнатӣ муроҷиат намуд, ки аз онҳо 79 нафар зан мебошад.
“Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 470 нафар ба шуғл ҷалб гардида, 188 нафар ба ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардидаву 220 нафар ба касбомӯзӣ, 47 нафари дигар ба корҳои ҷамъиятии музднок, 15 нафар аз ҳисоби маблағҳои мақомоти агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба соҳибкории хурд машғуланд. 879 нафар ба машварати касбӣ фаро гирифта шуд”, - иброз дошт Қобилҷон Файзализода.
Ҳамзамон вай хабар дод, ки корхонаву ташкилотҳои Хатлон пеш аз ҳама шахсони маъюб, занони серфарзанд, модарони танҳо, сарбозони аз сафи Артиши миллӣ ҷавобшуда ва шахсони аз маҳбас озодгаштаро ба кор таъмин намуданд.
Валерий Фадеев на пресс-конференции в Международном мультимедийном пресс-центре МИА Россия сегодня (12 марта 2019). Москвa - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Дар Русия наздик ба 2,5 миллион муҳоҷир бидуни шартномаи меҳнатӣ кор мекунад
Бо мақсади ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтани шахсони бекор мақомоти Хатлон дар давоми соли равон 228 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шудааст.
Ба иттилои Агентӣ дар баргузор намудани чунин ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод аз аввали соли равон 1917 корхонаю ташкилот ва муассисаю хоҷагиҳои гуногун иштирок намуда, барои бекорон ҷойҳои кори доимӣ ва вазифаҳои озоди худро пешниҳод намуданд.
“Тавассути ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод 2994 нафар ба кор роҳхат гирифт, ки аз онҳо 2657 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 164 нафар зиёд мебошад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала