Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Дар Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион нафар алайҳи COVID-19 ваксина гирифт

© Пресс-служба мэра и правительства Москвы / Гузаштан ба хазинаи аксВ миграционном центре в деревне Сахарово началась вакцинация трудовых мигрантов от COVID-19
В миграционном центре в деревне Сахарово началась вакцинация трудовых мигрантов от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Тибқи қарори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқобила бо паҳншавии COVID-19 аз 3 июл, дар Тоҷикистон эмкунии зидди коронавирус барои шахсони аз 18 боло ҳатмӣ мебошад.
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион нафарро бар зидди коронавирус эм кардаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Тибқи гузориши ин ниҳод, то 11 август 1 миллиону 541 ҳазору 475 нафар бар зидди COVID-19 эм карда шудаанд.
"Ҷузъи дуввуми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 130 ҳазор нафар гирифтанд", - гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ.
Танҳо рӯзи 11 август дар Тоҷикистон 60 ҳазору 823 нафар эм карда шуданд.
В миграционном центре в деревне Сахарово началась вакцинация трудовых мигрантов от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
"Спутник V" - муассиртарин ваксин алайҳи штамми "делта" мебошад
Қобили зикр аст, ки тибқи қарори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқобила бо паҳншавии COVID-19 аз 3 июл, эмкунии зидди коронавирус барои шахсони аз 18 сола боло ҳатмӣ мебошад.
Вазорати тандурустӣ аз шаҳрвандоне, ки ваксина нагирифтаанд, даъват мекунад, ки барои эм шудан ба пизишкони оилавӣ ё марказҳои саломатӣ (поликлиникаҳо) -и маҳалли зисташон муроҷиат кунанд.
Ваксинаю доруҳои тоҷикии "зидди коронавирус": Раҳимӣ аз истеҳсоли 12 намуд гуфт
Ҳоло ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 4 миллион вояи ваксинаҳои AstraZeneca, CoronaVac ва Moderna ворид шудааст.
Дар ояндаи наздик интиқоли ваксинаи сохти русии Sputnik V дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала