Ҳавои бебориш бо чангу ғубор: пешгӯии обуҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе
Город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Тибқи иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаву бебориш мешавад. Ҳаво шабона 19+21 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Гуфта шудааст, ки дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш низ дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Гармӣ ҷараёни коронавирусро шадидтар мекунад
Ҳаво дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала