Санаи сафари Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон маълум шуд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов
Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Раҳбари Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо даъвати шахсии Эмомалӣ Раҳмон аз пойтахти Тоҷикистон боздид мекунад
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов нимаи моҳи сентябр аз Душанбе боздид мекунад.
Раисиҷумҳури Туркманистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои СҲШ ва СААД, ки аз 16 то 17 сентябр дар назар аст, ба Тоҷикистон хоҳад рафт.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро раҳбари ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд. Матни даъватномаро қаблан рӯзномаи ҳукуматии "Туркманистони бетараф" нашр карда буд.
Бояд гуфт, ки имсол Созмони Ҳамкории Шанхай 20 -умин солгарди худро таҷлил мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Созиши Раҳмону Бердимуҳаммадов барои ҷонибдорӣ аз номзадии тарафайн дар СММ
Ёдовар мешавем, ки феълан ба СҲШ Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Чин, Русия, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дохил ҳастанд.
Эрон, Белорус, Муғулистон ва Афғонистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд.
Аммо Туркманистон аксар вақт дар вохӯриҳои сатҳи олӣ фаъолона иштирок мекунад.
Аввали моҳи август Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон буд. Байни президентҳои ду кишвар гуфтушунид сурат гирифт ва Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманбошӣ ширкат ва суханронӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала