Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз рақибони ӯзбекашон шикаст хӯрданд

© ФФТМолодежная сборная Таджикистана
Молодежная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2021
Ҷавонони футболбози тоҷик натавонистанд рақибонашонро шикаст диҳанд
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамтоёнашон аз Ӯзбекистон вохӯрданд, хабар медиҳад ФФТ.
Бозии рафиқонаи миёни футболбозони то 15-сола бо ғолибияти меҳмонон анҷом ёфт.
Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ҷавонони ӯзбек мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 3:1 шикаст доданд.
Лионель Месси плачет в начале пресс-конференции на стадионе Камп Ноу в Барселоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Ашки Мессиро як миллион доллар нарх карданд
Ҳисобро меҳмондорон кушоданд, вале Табрез Улуғбекзода ғайричашмдошт, ба дарвозаи худ тӯб ворид кард. Тӯби дуюмиро Амирбек Саидов аз тими Ӯзбекистон ба нишон расонд.
Вале голи навбатии Оллаберган Каримов ба меҳмондорон шонси пирӯзӣ намонд.
Ёдрас мешавем, ки ин дуюмин бозии дӯстонаи тимҳои Тоҷикистну Ӯзбекистон мебошад.
Дар рақобати аввалӣ, мунтахаби ҷавонони тоҷик рақибони ӯзбеки худро бо ҳисоби калон - 6:3 мағлуб карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала