Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Шӯъбаи эҳё дар беморхонаи Афғонистон пур шуд

© REUTERS / STRINGERАфганские мужчины, получившие ранения в результате нападения в Кабуле, архивное фото
Афганские мужчины, получившие ранения в результате нападения в Кабуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Нӯҳ тан то дастрас кардан ба шуъбаи эҳё аллакай ҷон дода буданд
ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Дар созмони байналмилалии тиббии изтирории Emergency дар Кобул, ҳама шӯъбаҳои эҳё дар як рӯз пур шуданд.
Дар ин бора намояндагони беморхона дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Онҳо қайд карданд, ки дар давоми 24 соати охир 63 нафар ҷабрдидагон дар шӯъбаҳои эҳёгарӣ бистарӣ шудаанд. Дар ҳоли ҳозир, созмон танҳо беморонро қабул мекунад, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Самолет, на фоне заката - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ҳавопаймои дуюми нерӯҳои ҳавоии Олмон аз Кобул ба Тошканд парвоз кард
Қариб ба 50 сокини Кобул ёрии аввалини тиббӣ расонида шуда, сипас ба дигар беморхонаҳои шаҳр фиристода шуданд.
Ба гуфти корманди Ёрии таъҷилӣ, дар вақти қабул аллакай 9 нафар ҷон аз даст дода буданд. Чор нафари ин беморон аз фурудгоҳи Кобул оварда шудаанд, ки як рӯз пеш тирпарронӣ ва бесарусомонӣ буд.
Қаблан ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон*, аз бастани бандари ҳавоӣ хабар доданд. Бино ба гузоришҳои расонаҳо, фурудгоҳ танҳо рӯзи 21 август ба рӯи шаҳрвандон боз мешавад.
Ахмад Масуд опровергает слухи о том что он не находится в регионе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Аҳмад Масъуд хабари гурехтанашро рад кард: дар канори мардуми худ мемонам - видео
Ҳоло дар ҳудуди бандари ҳавоӣ бетартибӣ идома дорад. Ҳазорон нафар дар назди дарвозаи фурудгоҳ ҷамъ омада, талош доранд Афғонистонро тарк кунанд.
Баъзеи онҳо аз болои девори бетонӣ парида вориди фурудгоҳ мешаванд. Маълум аст, ки Толибон* низ мисли низомиёни амрикоӣ оташи огоҳкунанда кушоданд.
* - созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия ва дигар кишварҳо
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала