Бонки Рушди Авруосиё барои Тоҷикистон стратегияи самараноки иқтисодиро таҳия хоҳад кард

CC BY 2.0 / Marco Verch Professional / American US dollar bills in rollsПачка долларов
Пачка долларов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Таҳияи стратегияи рушд барои Тоҷикистон вобаста ба вижагиҳои иқтисоди ин кишвар аст
ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Бонки Рушди Авруосиё барои Тоҷикистон стратегияи иқтисодӣ таҳия хоҳад кард, гуфт дар ин бора Директори Бонки Рушди Авруосиё дар ҷумҳурӣ Николай Никулин.
Вай қайд кард, ки баррасии стратегияи рушди нави Тоҷикистон бо иштироки кормандони Вазорати молия ва дигар тарафҳои манфиатдор сурат мегирад.
"Зарурат ба чунин санад вобаста ба хусусиятҳои рушди иқтисодии кишвар ва нишонаҳои мушаххаси макроиқтисодӣ ба вуҷуд омадааст, ки бар асоси он ҳамкории қарзӣ ва молиявии Бонки Рушди Авруосиё бо ҷумҳурӣ идома дорад", - гуфт Никулин.
Дар ҷаласаи охирин шӯрои бонк стратегияи Бонки Рушди Авруосиёро барои солҳои 2022-2026 тасдиқ намуданд. Бонк ният дорад чунин лоиҳаҳои бузургро ба мисли долони нақлиётӣ-рақамии Аврупо – Ғарби Чин, шабакаи ягонаи тақсимоти молҳои Авруосиё ва маҷмӯи обу энергетикаи Осиёи Марказӣ амалӣ созад.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Завқизода: новобаста аз паҳншавии коронавирус ва омилҳои беруна рушди иқтисод таъмин шуд
Ҳаҷми сармоягузории бонк дар тӯли панҷ сол 10,9 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.
Бонки Рушди Авруосиё инчунин фаъолияти лоиҳавии худро дар бархе аз кишварҳо тавсеа хоҳад дод. Сармоягузорӣ ба иқтисодҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон ба 500 миллион доллар мерасад.
Самти афзалиятноки кори бонк рушди салоҳиятҳо ва инфрасохтор дар доираи Фазои ягонаи рақамии Авруосиёро+ хоҳад буд.
То соли 2027, Бонки Рушди Авруосиёро ният дорад дар оғоз, сохтор ва ташкили маблағгузории лоиҳаҳои нав дар минтақа пешсаф гардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала