Даргузашти Муҳаммадсаиди 21-сола баъди ҷарроҳии дандон дар Душанбе

© акс аз саҳифаи фейсбукии Саъдӣ МаҳдӣМуҳаммадсаиди Азизуллоҳи 21-сола
Муҳаммадсаиди Азизуллоҳи 21-сола  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Дар шаҳри Душанбе шоми 18 август маросими видоъ бо ҷавони 21-солае баргузор шуд, ки як рӯз баъди ҷарроҳии дандон даргузаштааст. Ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи интиқодҳо аз хизматрасониҳои дандонпизишкӣ кишварро ба бор овардааст
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Муҳаммадсаиди Азизуллоҳи 21-сола як рӯз баъди "ҷарроҳии номуваффақ" - и духтурони дандон даргузаштааст, хабар дод Саъдӣ Маҳдӣ, мудири Акдемияи ВАО-и Тоҷикистон ва маъмури гуруҳи фейсбукии "Ормонҳои миллӣ".
Ба навиштаи Саъдӣ Маҳдӣ, Муҳаммадсаиди ҷавонмарг рӯзи 17 август дар дармонгоҳи стоматологии маҳаллаи 1-ум Советский ҷарроҳӣ шуда, 18 август дунёро падруд гуфт. Иллати расмии марги ҷавон гуфта нашудааст ва шарҳи дармонгоҳи стоматологӣ низ феълан дастрас нест.
Саъдӣ Маҳдӣ навиштааст, ки ин ҳолати дуюми марг дар ин хонавода тайи камтар аз як моҳи охир мебошад. Ҳанӯз як моҳ ҳам нагузаштааст, ки Эшони Азизуллоҳ, падари Муҳаммадсаид дунёро падруд гуфтааст.
Парикмахер из Азербайджана стрижет с завязанными глазами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2018
Ҳамаро бемор кардед: дар шаҳри Турсунзода 17 кошонаи ҳусн ва сартарошхонаро бастанд
Дар шарҳи ин навишта даҳҳо корбар аз камбуди хизматрасониҳо дар марказҳои дандонпизишкии кишвар шикоят карда, таъкид мекунанд, ки бархе аз масъулини ин бахш аз табиб дида, бештар чун тоҷир амал мекунанд.
Дар Тоҷикистон қаблан низ аз камбудиҳои хизматрасонии дандонпизишкӣ, аз ҷумла риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ шикоятҳо садо медоданд, ки бархе аз мизоҷонро дучори бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла зарпарвин мекунанд.
Ин нукта мавриди таваҷҷуҳи мақомоти Тоҷикистон қарор гирифта буд ва дастур дода шуд, ки бидуни маълумотномаҳо дахлдор қабули мизоҷон қатъиян манъ гардад. Мақомот қаблан дар пайи санҷишҳо гузориш дода буданд, ки кори чандин марказҳои дандонпизишкиро ба далели камбудиҳо мутаваққиф карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала