Болоравии доллар ва коҳиши рублу евро: бозори арзи Тоҷикистон

© Pixabay Доллары
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Қурби асъори русӣ ва аврупоӣ дар Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ поин рафту доллар дар давоми як шабонарӯз якбора боло рафт
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он қурби доллар боло рафт.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молиявӣ арзиши 1 рубли русӣ 0.1525 сомонӣ мебошад. Ин нишондод нисбат ба як рӯзи пеш пасттар аст. Дирӯз қурби асъори русӣ дар Тоҷикистон 0,1539 арзиш дошт.
Қурби доллар бошад, дар давоми як шабонарӯз якбора боло рафта 11.3229 сомониро ташкил дод, дар ҳоле, ки рӯзи гузашта арзиши 1 доллар 11.2682 буд.
Доллары на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Рубл ё доллар: коршинос беҳтарин асъор барои пасандоз дар 12 моҳи ояндро гуфт
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ низ поин рафтааст.
Дар бозори арзи кишвар як евро 13.2410 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле, ки рӯзи гузашта 13.2682 буд.
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро рубл суқут намекунад
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст.
1 доллари ИМА аз 11.3229 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.2400 то 13.3900 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1520 то 0.1540 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала