Изҳороти Ҳизби демократи Тоҷикистон алайҳи Толибон* ва пешниҳодҳояш ба Ҳукумат

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Демократической партии Саидджафар Усмонзода
Председатель Демократической партии  Саидджафар Усмонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аъмоли Толибон* - ро маҳкум карда, аз Ҳукумати кишвар хостаст, ки алайҳи эътирофи ин ҳаракат аз ҷониби бархе давлатҳо эътироз кунад
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки парлумоннишин аст, аз Ҳукумати ҷумҳурӣ хостааст, аъмоли давлатҳоеро, ки низоми Толибонро* эътироф мекунанд, маҳкум намояд.
ҲДТ, ки раёсати онро вакили парлумон, Саидҷаъфар Усмонзода ба уҳда дорад, аз Ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш кардаст, ки дари сафоратхонаҳои Покистон ва Қатарро, ки бо низоми Толибон* ҳамкорӣ доранд, бибандад.
Инчунин таъкид шудааст, ба ҳукуматҳое, ки ин низоми терористиро эътироф мекунанд, эътироз баён карда шавад.
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган во время встречи с президентом РФ Владимиром Путиным на полях Группы двадцати  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Эрдуғон Толибонро ба кишвараш хонд: Ӯ хостори накӯаҳволии қавмҳои турки Афғонистон шуд
Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хоҳиш шудааст, ки барои гурезагони Афғонистон шароити лозим муҳайё кунад ва ҳама гуна корҳои раводид, таҳияи аснод ва дигар шароитро ройгон фароҳам созанд.
"Масъулони корҳои амният ва гумрук дар марзҳои Тоҷикистон барои гурезаҳои Афғонистон шароити муносиб ва шоиста муҳайё карда, бо онҳо муносибати самимона ва дӯстонаро ба роҳ монанд", - омадааст дар изҳорот.
Демократҳо инчунин аз Ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, барои зиндагии муваққати гурезагони Афғонистон шароит фароҳам оварда, барои онҳо расондани ёриҳои башардӯстонаро бо кумаки мардуми кишвар ба роҳ монад.
Лидер ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Пешниҳоди Жириновский барои пайвастани қисме аз Афғонистон ба Тоҷикистон
Шӯрои сиёсии ҲДТ инчунин аз танг шудани мавқеи шаҳрвандони тоҷиктабори Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст. Ҳизби демократҳои Тоҷикистон аз таҷаммӯи нерӯҳои зиддитолиб таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд истиқбол кардааст.
Феълан Толибон* ба истиснои вилояти Панҷшер музофотҳои боқимондаро зери назорати худ қарор додаанд. Нерӯҳои зиддитолиб дар Панҷшер ҷамъ шуда истодаанд ва эълон медоранд, ки барои озодии Афғонистон мубориза хоҳанд бурд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала