Такрори иштибоҳ: барои чӣ мақомоти Украина наметавонад устувориро таъмин намояд

© Sputnik / Andrey Stenin / Гузаштан ба хазинаи аксУчастница протестных митингов за евроинтеграцию Украины на улице Грушевского в Киеве
Участница протестных митингов за евроинтеграцию Украины на улице Грушевского в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Бӯҳрон, инқилобҳо, олигархҳову қарзҳо - таърихи 30 - солаи Украинаи истиқлолро метавон чунин тавсиф кард. Сиёсатшиносон шарҳ медиҳанд, ки чӣ гуна яке аз кишварҳои муваффақи Иттиҳоди Шӯравӣ тадриҷан ба як бегона табдил ёфт
ДУШАНБЕ, 20 август - Sputnik. Украина одат кардааст, ки дар тамоми мушкилоти пешомадааш Русияро айбдор кунад. Мақомоти Украина намехоҳад дарҷ кунад, ки бори аввал кишвар бо мушкилоти иқтисодӣ ва дохили сиёсӣ ҳанӯз соли 2014 рӯбарӯ шуд.
Бӯҳрон дар кишвар маҳз 30 сол пеш, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуда буд ва то имрӯз идома дорад.
Кадом амалҳои мақомот ба давлати Украина халал мерасонад, ки кишвар аз ҳолати таназзули доимӣ барояд? Ҷавоб ба ин савол дар мақолаи Sputnik навишта шудааст.
Олигархҳо мукофотонида шуданд. Барои чӣ - дар ёд надорем
Сотый гуманитарный конвой из России прибыл в Донбасс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Bloomberg: ИА чунин мешуморад, ки Русия барои пайвастани як қисми Украина омодагӣ мегирад
Украина иштибоҳи асосиро замоне кард, ки истиқлолияти худро эълон кард. Алексей Кочетков, таҳлилгари масоили сиёсӣ шарҳ дод, ки раҳбарияти ин кишвар мехост давлати этнократӣ бо такя бар ҳувияти миллӣ бунёд намояд, ва з мехост ҳарчи зудтар аз гузаштаи даврони шӯравӣ халос шавад.
"Онҳо ба сохтани як ҳувияти нав дар кишвар шурӯъ карданд. Ин стратегия муноқишаи суст ва ҳоло ошкоро бо Русияро дар бар мегирифт ", - мегӯяд ӯ.
Ҳамчун намуна, мо метавонем китоберо ба ёд орем, ки президенти дуввуми Украина Леонид Кучма дар давраи раҳбарии кишвараш нашр кардааст. Кучма барои китобаш як номи хеле аҷиберо интихоб кард: "Украина Русия нест."
Маълум аст, ки дар китоби Кучма на ба робитаҳои деринаи таърихии давлатҳо, балки баръакс - ба ҳама фарқияти халқҳои украину рус, таваҷҷӯҳ зоҳир шудааст.
Зимнан, маҳз дар замони ҳукмронии Кучма хусусигардонии бузургтарин корхонаҳои кишвар сурат гирифтааст. Ҳамин тариқ, як табақаи олигархҳо ба вуҷуд омад, ки Алексей Кочетков онро як мушкили муҳими дигар мешуморад.
"Кланҳои олигархӣ дубора тақсимоти мероси шӯравиро оғоз карданд ва дар айни замон иқтисоди Украина худкифо нест - баъзе корхонаҳо наметавонанд фаъолият кунанд, зеро бо барҳамхурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, бозорҳои фурӯш тағйир ёфтанд ё занҷири технологӣ аз байн рафт. Корхонаҳоро имкон буд дубора эҳё кард, аммо барои соҳибони нави он муфлис кардани онҳо осонтар буд".
Президент Украины Владимир Зеленский  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Зеленский гуфт, Қрим ҳеҷ гоҳ ҳудуди Русия намешавад
Дар натиҷа, дар кишвар муборизаи пайваста байни намояндагони олигархия оғоз ёфт - ҳар яки онҳо барои назорат кардани захираҳои иқтисодӣ кӯшиш мекард.
Масалан, дар давраи раёсати Леонид Кучма яке аз сарватмандони кишвар Виктор Пинчук буд. Ӯ домоди Леонид Кучма мебошад.
Президенти севуми Украина Виктор Ющенко дар мансаби худ на танҳо яке аз тарафдрони сисёсатӣ ғарб буд, балки бо сарфароз кардани Ринат Ахметов ва Игор Коломойский мутаносибан бо орденҳои Нишони дараҷаи I ва III машҳур шуда буд.
Бояд гуфт, ки вақте васоити ахбори омма аз Ющенко пурсиданд, ки олигархҳоро барои чӣ мукофотонида шудаанд, ҷавоби дақиқ нагирифтанд. Ющенко сабабашро нагуфт.

Ҳуҷҷат ҳеҷ арзише надорад

Алексей Кочетков мегӯяд: "Дар чунин шароит низоми устувори сиёсӣ ба вуҷуд омада наметавонад. Дар кишвар муборизаи доимӣ, ҳама бар зидди ҳама буд, аз ин рӯ дар асл, Украина ҳеҷ гоҳ ба давлат табдил наёфт"
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Зеленский ба изҳороти Путин дар бораи русҳову украиниҳо посух дод
Дар як давлати комилҳуқуқ, ҳадди аққал қонун амал мекунад, шарҳ медиҳад сиёсатшинос. Дар ҳамин ҳол, мақомот Эъломияи истиқлоли давлатии Украинаро дар амал иҷро намекунанд. Охир, дар боби дуввуми санад омадааст, ки "ҳеҷ як ҳизби сиёсӣ, созмони ҷамъиятӣ, дигар гурӯҳ ё фард аз номи тамоми мардуми Украина сухан гуфта наметавонанд".
Аммо, яке аз муҳимтарин қонунҳои кишвар монеъ нашуд, ки президенти панҷум Петро Порошенко аз ваколатҳои худ сӯиистифода кунад, ки пас аз тағйири навбатии қудрат алайҳи ӯ парвандаҳои зиёди ҷиноӣ боз шавад. Ҷиноят чӣ қадар аст - ҳатто вакили дифои Порошенко Иля Новиков гуфта наметавонад.
"Аз мо пайваста мепурсанд, ки теъдоди феълии парвандаҳои ҷиноӣ нисбати Порошенко чӣ қадар аст? Боз ҳам, мо намедонем, мо наметавонем итминон дошта бошем, ки дар он ҷо чизе нест, ки мо дар бораи он надонем, аммо ҳоло 58 парвандаи ҷиноӣ мавҷуд аст", - гуфт ӯ дар соли 2020.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Минск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Лукашенко гуфт, пешниҳодҳои Путин барои барқарории Донбассро ба Порошенко расонд
Яке аз парвандаҳои маъруфи марбут ба Порошенко таҳқиқи сарнавишти маркази истироҳатии "Ивушка" аст. Пойгоҳ ба Ҷамъияти нобиноёни Украина тааллуқ дошт, аммо он ба намояндагони ООО "Союз-Инвест", ки бо Петро Порошенко марбут аст, фурӯхта шуд. Дар ҳамин ҳол, маълум аст, ки Порошенко бешубҳа ба пул ниёз надорад - ӯ ҳамчун соҳибкор дар рӯйхати Forbes дида мешавад. Аз моҳи марти соли 2021 сарвати ӯ 1,6 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.

Чеҳраҳо наванд, қисса кӯҳна

Вориси Порошенко, президенти феълӣ Владимир Зеленский борҳо дар бораи хоҳиши мубориза бо олигархия сухан гуфта буд. Коҳиш додани таъсири олигархҳо ба ҳукумат ваъдаи пешазинтихоботии ӯ буд - ва дар моҳи майи соли 2020, тибқи як назарсанҷии Маркази Разумков, 71 дарсади марудми Украина барон буданд, ки Зеленский ба ваъдааш вафо накардааст.
Встреча президентов России и США В. Путина и Дж. Байдена в Женеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Путин Иёлоти Муттаҳидаро ба табаддулот дар Украина айбдор кард
Танҳо ҳамин сол дар вебсайти порлумони Украина тарҳи лоиҳае нашр шуд, ки тибқи он олигархҳо ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ дониста мешаванд. Илова бар ин, Владимир Зеленский ба мухолифат бо Игор Коломойский шурӯъ кард, ки соҳиби бузургтарин расонаи хабари дар Украина, шабакаи телевизионии "1+1 Медиа" аст.
Бояд қайд кард, ки дар шабакаи телевизионии 1+1-ро силсилафилми "Хидматгори мардум"-ро, ки ба як рекламаи бузург дар маъракаи интихоботии Зеленский табдил ёфт, нишон дода мешуд.
Владимир Корнилов, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегуяд: "ҳама чизе, ки дар Киев сурат мегирад, ҳамла ба ҳамон қисса аст. Дар ин ҷо танҳо бозигарон иваз мешаванд ва аммо қисса ҳамон як аст.
Мушкилотро дар кишвар бо зурӣ ҳал мешаванд (Инқилоби норанҷии соли 2004 ва Евромайдан 2013-2014 - Таҳр.). Ва дар натиҷаи ин фитнаҳои дарборӣ, одамон дар тӯли даҳсолаҳо ҷойҳои худро иваз мекунанд. Баъзе чеҳраҳои нав пайдо мешаванд, ба монанди Зеленский, аммо олигархҳо ҳоло ҳамонҳо мебошанд".
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2019
Путин ба сокинони ду вилояти Украина гирифтани шаҳрвандии Русияро осон кард
Бо вуҷуди ин, ҳатто бад гуфтан бар зидди шарики собиқ обрӯи Зеленскийро мустаҳкам намекунад. Рейтинги президент низ бинобар бӯҳрони коронавирус коҳиш ёфт.
Вазъият дар кишвар нишон дод, ки низоми тиббии Украина ба пандемия омода нест. Ҷорӣ кардани карантин ба назар мерасад, ки бештар рӯи коғаз аст ва норасоии ваксина ва афзоиши сироят аз он шаҳодат медиҳанд.
"Ҳама корҳое, ки Зеленский мекунад, кӯшиши тақлид ба ҳолати муқаррарист. Украина як давлати ба монанди пуфак аст. Расман дар он ҷо ҳаст, аммо дар дохили он чизе нест", - мегӯяд Алексей Зубетс, доктори илмҳои иқтисод, проректори Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Русия.
“Давлат ӯҳдадориҳои иҷтимоии худро дар назди шаҳрвандон иҷро карда наметавонад", - гуфт ӯ.

Ҳама чиз ҷуз мушкилоти воқеӣ

Чунин ба назар мерасад, ки ташаннуҷ дар дохили кишвар бояд мақомотро водор кунад, ки дар бораи мушкилоти муҳим - коррупсия, бӯҳрон дар саноат ва тандурустӣ андеша кунанд.
Люди слушают предвыборную речь президента Украины Петра Порошенко на Михайловской площади в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Дефолт наздик аст: сиёсати зиддирусиягии Украина кишварро ба чӣ ҳол расонд?
Аммо, ба ҷои ин, Киев қонун "Дар бораи таҳсилоти миёнаи умумии пурра" -ро тасвиб кард, ки таълимотро ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ коҳиш медиҳад, гӯё ихтилофи забонҳо аз сифати зиндагии аҳолӣ муҳимтар аст.
Украина инчунин декоммунизатсияро як мушкили воқеӣ медонад, ки он асосан дар мамнӯъияти Ҳизби коммунисти Украина инъикос ёфтааст. Киев инчунин рамзҳои шӯравиро манъ карда, Иттиҳоди Шӯравиро ҳамчун режими фашистӣ тасниф кард.
Ҳамзамон, 18 август дар кишвар 110 -умин солгарди ҷинояткори фашистӣ Омелян Грабтсаро, ки дар куштори 30 ҳазор яҳудӣ аз соли 1941 то соли 1944 даст дошт, ҷашн гирифтанд.
Ҳамзамон, хатарноктарин шахс дар кишварро сиёсатмадорва раҳбари ҳизби “Платформаи Оппозитсионии - Барои Ҳаёт” (OПЗЖ) Виктор Медведчук медонанд.
Ҳоло Медведчук ба "хиёнат ба Ватан" ва “нақзи қонунҳои урфу одати ҷанг" айбдор мешавад. Ба гуфтаи масъулони ҳизб, иттиҳомот алайҳи сиёсатмадор пас аз изҳороташ дар бораи он, ки аъзои ОПЗЖ ақидаҳои худро, оид ба пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва гиромидошти қаҳрамонони он ҳимоя мекунанд, оғоз шуд”
Самый большой флаг Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Миллатгароӣ ва генотсид: Украина боз чиро мепарастад
Айбдоркунии Медведчук ҳатто дар ҷомеаи тақсимшудаи Украина ҳайратовар аст. Мувофиқи Пажӯҳишгоҳи ҷомеашиносии ҷомеаи шаҳрвандӣ, 60 дарсади мардуми Украина пурсидашуда бар ин боваранд, ки сиёсатмадор бегуноҳ аст.
Аён аст, ки ҳатто мардуми оддӣ мефаҳманд, ки мушкилоти воқеии Украина дар ҷои дигар аст.
Рад кардани хотирот аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ё мубориза бо забони русӣ бекорӣ ва бӯҳронро ҷуброн намекунад. Ҷанҷолҳои майда -чуйда аҳамияти мардумро аз масъалаи воқеӣ канор мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала