Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Қиём дар Бағлон: се вулусволии ҳаммарз бо Панҷшеру Тахор озод шуд - видео

© AP / Rahmat GulБоевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
"Толибон"* дар паи задухӯрд талафоти зиёд диданд ва аз минтақа фирор карданд
ДУШАНБЕ, 21 авг – Sputnik. Дар пайи як амалиёти хезишҳои мардумии вилояти Бағлон се вулусволии ҳаммарз бо дараи Панҷшер дар вилоят аз “Толибон”* озод шуданд
Даён Аҳмадӣ, яке аз фармондеҳони хурди ин хезишҳои мардумӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вулусволиҳои Пули Ҳисор, Деҳ Салоҳ ва Бануи минтақаи Андаробҳо аз вуҷуди “Толибон”* бозпас гирифта шуданд ва ҷангҳо барои озодии вулусволии Хинҷон идома доранд.
"Нерӯҳои мардумӣ аз чандин истиқомат болои "Толибон"* ҳамла оварда, ба онҳо талафоти сангин ворид карданд. Ҳамла ғофилгирона буд ва "Толибон"* аз минтақа фирор карданд", - гуфт ӯ.
Тибқи иттилоои ин манбаъ, дар ин даргириҳо ҳудуди 15 ҷангии толиб кушта, 40 нафари дигар ҳам ба асорат афтодаанд, ки қисмате ҳам аз толибони маҳаллӣ мебошанд.
Андаробҳо минтақаест, ки масири муҳими Ховок – Андароб аз он мегузарад ва дараи Панҷшерро бо вилоятҳои Бағлону Тахор васл мекунад.
Озодии ин минтақа Панҷшерро аз осебпазиртарин нуқтаи шимолии дара – ағбаи Ховок дур месозад ва ҳам роҳро барои озодии вулусволиҳои Варсаҷу Фархори вилояти Тахор боз мекунад.
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Агар метавонӣ, биё!" Аҳмад Масъуд Ғаниро ба Панҷшер хонд
Андаробҳо охирин минтақаи вилояти Бағлон буд, ки моҳи июл аз сӯи "Толибон"* ишғол шуда буд.
Қаблан хезишҳои мардумӣ, ки ба Аҳмад Масъуд, раҳбари муқовимати миллии Афғонистон, тобеанд, манотиқе дар Парвон, вилояти аз ҷануб ҳаммарз бо вилояти Панҷшер, танҳо вилояти озод аз "Толибон"* -ро тасарруф карда буданд.
Ҳаракати “Толибон”* то ба ҳол дар ин боб хабаре пахш накардааст.
* - ”Толибон” – ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистону Русия.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала