СММ: 10 миллион кӯдаки афғон ба ёриҳои башардӯстона ниёз дорад

© Sputnik / Valery Melnikov  / Гузаштан ба хазинаи аксУченики в классе школы для бывших беспризорных детей Aschiana в Кабуле
Ученики в классе школы для бывших беспризорных детей Aschiana в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Созмони Милали Муттаҳид эълон доштааст, ки наздик ба 10 миллион кӯдаки афғон барои зинда мондан ба кумаки башардӯстона ниёз доранд
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Ҳенриетта Фор, директори иҷроияи Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) хабар дод, ки созмон расондани ёрии башардӯстонаро ба Афғонистон, ки тақрибан 10 миллион кӯдак ба он ниёз дорад, идома хоҳад дод, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
“Уҳдадории мо ба кӯдакони Афғонистон бетағйир боқӣ мондааст ва ҳадафи мо ҳифзи ҳар як кӯдаки афғон аст. ЮНИСЕФ ҳоло ва дар вақтҳои наздик дар ҷойи худ боқӣ хоҳад монд”, - таъкид дошт ӯ.
Певец Фархад Дарья, посол доброй воли Организации Объединенных Наций - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Муроҷиати Фарҳод Дарё ба Мулло Бародар: оё хоҳарони мо боз сангсор хоҳанд шуд?
Вай илова кард, ки имрӯзҳо, тақрибан 10 миллион кӯдак дар Афғонистон барои зинда мондан ба кумаки башардӯстона ниёз дорад.
“Тахминан 1 миллион кӯдак давоми соли равон бо норасоии шадиди ғизо дучор мешавад ва метавонад бидуни табобат бимирад”, - гуфт Фор.
Вай илова кард, ки аз рӯйи ҳисобҳо, тахминан 4,2 миллион ҷавони афғон ба мактаб намеравад, ки беш аз 2,2 миллиони онҳо духтаронанд.
Ҳамзамон, аз моҳи январ намояндагони СММ беш аз 2000 ҳолати вайрон намудани ҳуқуқи кӯдаконро дар ин кишвар ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала