Валид бин Абдураҳмон ба ҷои Бодӣ сафири Арабистони саудӣ дар Тоҷикистон таъйин шуд

© сомонаи ВУХ ТоҷикистонМулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафири навтаъйини Арабистони Саудӣ дар Душанбе, Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафири навтаъйини Арабистони Саудӣ дар Душанбе, Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон дар мақоми сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодиро иваз кард
ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафири навтаъйини Арабистони Саудӣ дар Душанбе, Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот ба суди тарафайни ҳамкориҳо таъкид шуда, Сироҷиддин Муҳриддин ба сафири нави Арабистони Саудӣ дар Душанбе комёбӣ орзу намуд.
Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон дар мақоми сафирӣ Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодиро иваз кард, ки рисолати дипломатияш дар Душанбе соли равон анҷом ёфт.
Силы Талибана в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Арабистони Саудӣ Толибонро ба расмият шинохт
Маъмурияти дипломатии Ал-Бодӣ, ки эътимодномааш ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро моҳи ноябри соли 2016 супорида шуда буд.
Қаблан масъулини ду кишвар таъкид карда буданд, ки тайи солҳои охир муносиботи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар бахшҳои гуногун таҳким ёфтанд. Сафоратхонаи Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон соли 2010-ум ифтитоҳ шуда бошад ҳам Бунёди саудии рушд аз аввали солҳои 2000-ум дар маблағгузории лоиҳаҳои гуногун саҳмгузор мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала