“5 таркиш дар Кобул”: кушта шудани даҳҳо мулкиву низомии амрикоӣ ва толиб*

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксСитуация у аэропорта Кабула
Ситуация у аэропорта Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, панҷ инфиҷор рух дод, ки дар пайи он садҳо мулкӣ, 12 сарбози амрикоӣ ва садҳо нафар куштаву захмӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Чаҳор инфиҷор, ки ба гумони ағлаб, ҳамлаҳои интиҳорӣ буданд, дар маҳалли майдони ҳавоӣ ва як инфиҷори дигар дар соҳаи Пули сӯхта, макони маъруф ба маҳалли муъдодон, воқеъ дар ғарби шаҳри Кобул рух додааст.
Муҷибурраҳмон Козимӣ, сокини Кобул, ки дар фурудгоҳи Кобул қарор дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ду инфиҷор ҳангоми намози шом ва ду инфиҷори дигар миёни соатҳои 10 то 11 – у 30 дақиқаи шаб ба вақти Кобул рух дод.
“Инфиҷорҳо хеле муҳиб буданд. Дуввумӣ бадтар буд. Ҳамагӣ дар маҳватаи фурудгоҳ рух доданд. Ҳоло як дарҳамбарҳамии даҳшатборе дар маҳал ҳукм меронад. Аслан касе ба ҳисоби чизе намеравад. Кормандони сиҳиву емерҷанси (ёрии таъҷилӣ) нестанд, мардум захмиёнро худашон ба шифохона интиқол медиҳанд”, - гуфт ӯ.
Бино ба иттилои ин манбаъ, дар пайи инфиҷорҳо дар фурудгоҳи Кобул беш аз 100 нафар куштаву ҳудуди 200 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Взрыв в аэропорту Кабула: первые кадры после ЧП
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Инфиҷор дар пойтахти Афғонистон: навор аз ҷои ҳодиса
Ҳамзамон аз кушта шудани 12 сарбози амрикоӣ низ гузориш дода мешавад. Аммо ин иттилоъро наметавон аз ягон марҷаъи расмӣ дақиқ кард ва сиҳат доштани онро таъйид намуд.
Ҳаволии соати 9 як инфиҷори дигар дар соҳаи Пули сӯхта, макони маъруф ба маҳалли муъдодон, воқеъ дар ғарби шаҳри Кобул низ як инфиҷор рух дод. Судай Ҳусайнӣ, сокини ин маҳал, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як мошини “Ренҷер” – и ҷангиёни Толибон* мавриди ҳамла қарор гирифта, чаҳор тани онҳо ба ҳалокат расидаанд.
“Ҳама аз ҷои ҳодиса фирор кардем, то ба мушкил гирифтор нашавем”, - гуфт ӯ.
Ҳамлаи аввал ба фурудгоҳи Кобулро шохаи “Хуросон” – и гуруҳи Давлати исломӣ (ДОИШ, гуруҳи мамнуъ дар Тоҷикистону Русия) ба зимма гирифт.
Ин гуруҳ рӯзи сешанбе тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Афғонистон эълон карда буд, ки ба фурудгоҳи Кобул ҳамла хоҳад бурд. Иддае ҳам бар инанд, ки ин кори худи гуруҳи Толибон* (мамнуъ дар Тоҷикистону Русия) аст, ки ба хотири тарсонидани мардуми ҷамъшуда ва ҳам низомиёни амрикоӣ дар фурудгоҳи Кобул роҳандозӣ шудааст. Аммо ҳамла ба мошини ҷангиёни толиб аз сӯи кадом гуруҳ анҷом шудааст, маълум нест.
* - созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала