Фоҷиа дар вилояти Жамбул: Тоқаев 29 август - мотами миллӣ эълон кард

© Пресс-служба президента Республики КазахстанПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Дар паи таркишҳо беш аз 12 тан ҷон бохту зиёда аз 90 нафар маҷрӯҳ гардид
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Президенти Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар паи фоҷиа дар вилояти Жамбул рӯзи якшанберо мотами миллӣ эълон кард.
"Дар робита ба ҳодисаи фоҷиабор дар ноҳияи Байзаки вилояти Жамбул, ки боиси марги одамон шуд, 29 августро Рӯзи мотами миллӣ эълон мекунам", - навиштааст Тоқаев дар шабакаи иҷтимоӣ.
Ӯ қайд кардааст, ки хизматчиёни ҳарбӣ ва наҷотдиҳандагон "қаҳрамонӣ ва фидокории ҳақиқӣ" нишон доданд ва "дар ёди мардум то абад боқӣ хоҳанд монд".
Таркишҳо дар ҳудуди қисми низомии вилояти Жамбул, ки дар он лавозимоти ҷангии муҳандисӣ нигаҳдорӣ мешуд, шоми 26 август ба вуқӯъ пайваст.
Ситуация у аэропорта Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
“5 таркиш дар Кобул”: кушта шудани даҳҳо мулкиву низомии амрикоӣ ва толиб*
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ин ҳаводис беш аз 12 нафар ҷон бохта, 90 тани дигар маҷрӯҳ шуданд - инҳо низомиён, додситонҳо, инчунин наҷотдиҳандагон ва оташнишононе ҳастанд, ки ба ёрии онҳо шитофтанд.
Сокинони деҳаҳои наздик ба макони бехавф - Тараз кӯчонида шуданд. Ҳудуди деҳаҳо барои пешгирӣ аз дуздию ғорат муҳосира карда шудаанд.
Вазорати дифои Қазоқистон сабаби ҳодисаро муайян мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала