Макрон ҷузъиёти музокирот бо Раҳмонро ифшо кард

© REUTERS / GONZALO FUENTESПрезидент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Кишвардорони Тоҷикистону Фаронса бар иловаи масоили амниятӣ чанд мавзӯи муҳими минтақавиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 29 авг - Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар шарҳҳое, ки дар ҳафтаномаи Journal du Dimanche нашр шудааст, ҷузъиёти сӯҳбати телефониро бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифшо кардааст.
Вай гуфт, ки дар муколама ба ҷуз аз авзоъ дар Афғонистон, мавзӯи паноҳандагон матраҳ шудааст.
"Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ду рӯз пеш бо ӯ суҳбат доштам, ба ман гуфт, ки дар марзи ӯ фишори шадид вуҷуд дорад", - гуфт Макрон.
Президенти Фаронса афзуд, ки масъалаи муҳоҷират бояд бо адамияти бузург, шаффофият ва ҳисси масъулият баррасӣ шавад, то ба авомфиребӣ наафтад.
Макрон афзуд, ки ба Аврупо ва дигар кишварҳо шумораи зиёди гурезаҳои афғон ворид хоҳад шуд.
Президент Франции Эммануэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Даъвати Макрон ба ташкили "минтақаи махсуси амниятӣ" дар Кобул таҳти назорати СММ
Ӯ бо истинод ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуд, ки дар Эрон аллакай 850 000 паноҳандаи афғон ва дар Покистон 1,5 миллиони дигар ба сар мебаранд.
Кишвардори Фаронса бар ин назар аст, ки ҳамоно теъдоди зиёди одамонро мебояд аз Афғонистон берун овард, зеро ба ҷони онҳо дар он кишвар хатари азим таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала