Муассисаҳои бахши ғизои умум дар Русия хостори ҷалби бештари муҳоҷирон шуданд

© SputnikТашкентский повар Бахриддин Чустий
Ташкентский повар Бахриддин Чустий - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Бахши ғизои умуми Русия дар пайи соҳаҳои сохтмон ва кишоварзӣ аз камбуди кормандон шикоят кард
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Моликони муассисаи ғизои умум бо як дархост аз Ҳукумати Русия хостаанд барои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон ба онҳо иҷозат диҳад.
Ташаббускори муроҷиат ба сарвазир, Михаил Мишустин, президенти Ассотсиатсияи корхонаҳои бозори моҳӣ, Виталий Корнев мебошад, хабар дод "Коммерсант".
Аз Ҳукумати Русия дархост кардаанд, ки ба корфармоёни бахш иҷозат диҳанд, то барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳиясозии патент ва пардохти хароҷоти он иқдом кунанд.
Сергей Миронов, роҳбари Кумитаи тиҷорат дар бахши тарабхонаҳо дар Маскав, мегӯяд, теъдоди кормандони хориҷӣ дар муассисаҳои ғизои умум вобаста аз навъи муассиса аз 20 то 90 дарсадро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар замони пандемия ин соҳа ҳудуди 30 дарсади кормандонашро аз даст дод.
Мэр Москвы Сергей Собянин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Собянин афзоиши таваррум дар Русияро ба камбуди муҳоҷирон рабт дод
Инчунин зикр шудааст, ки бо вуҷуди аз сар гирифтани парвозҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ теъдоди кормандон ҳанӯз кофӣ нест, чун таҳияи аснод баъзан то як моҳ ва гоҳо зиёда аз онро дар бар мегирад.
Мудири Restcon, Елена Перепелитса, мегӯяд, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон равандро шаффоф карда, ба моликони тарабхона имкон медиҳад, то хароҷоти марбути таҳияи асноди муҳоҷирони меҳнатиро ба хароҷоташон ворид созад ва аз фоидаашон пардохт накунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала