Оҷонсӣ Муллоев Темурро меҷӯяд: пули кормандонро гирифту пинҳон шуд

© Sputnik Агентство по финансовому контролю и борьбе с коррупцией в Таджикистане
Агентство по финансовому контролю и борьбе с коррупцией в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Оҷонсии зидди фасод Муллоев Темур Тоҷиддиновичро барои азхудсозии маблағи кормандон дар пайгард қарор додааст
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Ба иттилои манбаъ, номбурда дар вазифаи муҳосиби музди меҳнати Раёсати хоҷагии манзилию комуналӣ ва сохтмонии шаҳри Ваҳдат кор карда, даст ба чунин кор задааст.
БА иттилои манбаъ, ӯ дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, маблағи умумии 60830,26 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф карда, дар эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудаст.
Молоток судьи в суде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Мудири яке аз дурдасттарин мактабҳои Тоҷикистон дар азхудкунии пули буҷа айбдор шуд
Гуфта мешавад, бинобар сабаби он, ки Муллоев аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва тафтишоти пешакӣ пинҳон шуда, ҷои буду бошаш муайян нест, нисбати ӯ дар содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ғоибона айб эълон карда шуда, кофтукови ӯ эълон карда шудаст.
Чунин бандҳои кодекси ҷиноии кишвар ҷарима ва ё аз ду то панҷ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати азонихудкунии маблағи кормандон набуда, қаблан мақомот аз боздоштҳое бо чунин иттиҳомот хабар дода буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала