Мехостанд вориди Панҷшер шаванд: кушта ва захмӣ шудани даҳҳо толиб дар Андаробҳо

© AFP 2021 / Ahmad Sahel ArmanАфганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Дар пайи даргирӣ миёни неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва гуруҳи Толибон* дар вилояти Бағлон даҳҳо толиб куштаву захмӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Ин даргирӣ дар қаламрави Андаробҳои ин вилоят рух дода, хезишҳои мардумии Андароб таҳти фармони Ғанӣ Туғрал, маъруф ба Туғрали Андароб, ҳудуди 50 толибро куштаву захмӣ ба ҷой гузоштаанд.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат, дар тафсили ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, неруҳои фармондеҳи мардумӣ Туғрали Андароб ба тарафи Дараи Сароб ва Самандони вулусволии Пули Ҳисор дар масири кутали Ховоки Панҷшер ақибнишинии тактикӣ карда, нерӯҳои “Толибон” - ро ба дом андохтаанд.
"Толибон* ба думбол онҳо омада, мехостанд, ки вориди ҷанг дар хатҳои дифоъии Панҷшер шаванд. Аммо дар як ҳамлаи чирикӣ тавассути неруҳои Андароб чунон ғофилгир ва зарбаву торумор шуданд, ки даҳҳо нафарашон кушта шуд ва шуморе аз ҷасадҳои онҳо дар кӯҳҳо боқӣ монда, ҳудуди даҳ мошин ҷасади дигарашонро тавонистанд аз Андароб берун кунанд”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Ҷангҳо сари Андаробҳои вилояти Бағлон як ҳафта ба ин сӯ идома доранд.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Сухангӯи Аҳмад Масъуд аз фишорҳои Толибон ва вилоятҳои таҳти нуфузи ӯ гуфт
Дар ҳоли ҳозир, се вулусволии ин вилоят – Пули Ҳисор, Деҳ Салоҳ ва Бану таҳти назорати Ҷабҳаи муқовимати миллӣ қарор доранд.
Минтақаи Андаробҳо дар қисмати шимолу шарқии Паҷшер воқеъ буда, яке аз масирҳои осонгузар ба ин дара аст, ки ҳоло маркази муқовимати нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд шудааст ва ба ҷуз муҷоҳидини Панҷшер, боқимондаи нерӯҳои Урдуи миллии Афғонистон, гуруҳҳои аз дасти “Толибон” ба саломат мондаи вилоятҳои дигари Афғонистон дар ин дара ҷамъ омадаанд.
Тибқи иттилои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, нерӯҳои ин ҷабҳа дар ҳоли ҳозир ба ҷуз Панҷшер ва Андаробҳои вилояти Бағлон, Куҳистони вилояти Парвон, бахшҳое аз вилоятҳои Нуристон, Бадахшон ва Тахорро низ таҳти назорат дорад.
Панҷшер танҳо вилояти Афғонистон аст, ки то ба ҳол таҳти сайтараи “Толибон” нест. Ин гуруҳ то ба ҳол талош накардааст, то ин вилояти саркашро низ ишғол кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала