Эмомалӣ Раҳмон: мардуми тоҷик сулҳро бо баҳои гарон ба даст овард

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гимназия барои хонандагони болаёқат, ки тоза дар Душанбе ифтитоҳ шуд, дар бораи сулҳу субот сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар гимназияи барои хонандагони болаёқат гуфт, мардуми тоҷик сулҳро ба баҳои гарон ба даст овард.
"Мо – мардуми тоҷик, ба қадри сулҳу оромӣ ва зиндагии осоишта мерасем, онро неъмати бузург медонем, зеро мардуми Тоҷикистон ҳаёти осударо бо баҳои ниҳоят гарон ба даст овардаанд", - таъкид кард президент.
Дар ин росто президент гуфт зарур аст, ки фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омӯзонем ва онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем.
"Дар ин раванд, фарҳанги сулҳ ва сулҳпарварӣ бояд аз синни хурдсолӣ, яъне аз зинаи таҳсилоти томактабӣ дар замири кӯдакон тарбия карда шавад, зеро ин марҳала дар инкишофи ақлонии кӯдак давраи асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон..
Эмомали Рахмон с Рустамом Эмомали открыли школу №99 в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Сипосгузории Раҳмон аз Муродов ва Ҷурахонов: мактабу хобгоҳ сохтанду боз бунёд карданиянд
Президент ҳамчунин афзуд, ки солҳои охир рушди зинаи таҳсилоти томактабӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор гирифтааст ва то имрӯз дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.
Вале раисиҷумҳур мегӯяд, тибқи таҳлилҳо корҳои амалигардида ҳанӯз ҳам талаботи аҳолиро ба чунин муассисаҳо қонеъ гардонида наметавонанд.
1 сентябр "Дарси сулҳ": гузориши аксӣ аз оғози соли хониш дар Душанбе
Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илмро вазифадор кард, ки барои роҳандозии Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020 – 2025 ва боз ҳам бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони синни томактабӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала