АМА карантинро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор мекунад

© Sputnik / Виталий БелоусовДворец президента ОАЭ в Абу-Даби.
Дворец президента ОАЭ в Абу-Даби. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Маҳдудиятҳои коронавирус ба касоне, ки ваксина гирифтаанд ва онҳое, ки аз "минтақаи сабз" меоянд, татбиқ намешаванд
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бӯҳронҳо ва офатҳои табиӣ ва Департаменти фарҳанг ва сайёҳии Абу -Даби бекор кардани карантини ҳатмӣ барои меҳмонон аз як қатор кишварҳоро эълон карданд.
Тибқи изҳороти ниҳодҳо, аз 5 сентябр хориҷиёне, ки бо ваксинаҳои аз ҷониби ТУТ сабтшуда эм карда шудаанд, метавонанд бидуни карантини ҳатмӣ ба кишвар ворид шаванд.
Инчунин, бидуни қарантинаи ҳатмӣ, шаҳрвандони кишварҳо аз минтақаи "сабз" метавонанд аз ин кишвар боздид кунанд.
Врачи и пациент в госпитале для зараженных коронавирусной - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Кам мешавад: эълони омори нави сироят ва шифо аз COVID - 19 дар Тоҷикистон
Тоҷикистон дар баробари Туркманистон ва Қирғизистон ба рӯйхати давлатҳои минтақаи "сабз" шомил аст, ки сатҳи паҳншавии онҳо паст аст.
Пас аз санҷиши тест дар фурудгоҳ, меҳмонон метавонанд корти "сабз" -ро фаъол созанд, ки ба онҳо имкон медиҳад аз ҳама ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои сайёҳии АМА боздид кунанд.
Ҳамагӣ 55 кишвар дар рӯйхати сабзи аморатҳо ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала