Кам мешавад: эълони омори нави сироят ва шифо аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузаштан ба хазинаи аксВрачи и пациент в госпитале для зараженных коронавирусной
Врачи и пациент в госпитале для зараженных коронавирусной - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро нашр мекунад
ДУШАНБЕ, 5 сент – Sputnik. Дар Тоҷикистон 23 ҳолати нави сирояти нави коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба рӯзи пешин 4 камтар аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.
Аз оғози ҳамагирии вируси корона дар Тоҷикистон, 16 963 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд.
Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки дар як рӯзи охир 53 бемор шифо ёфта, ҳамин тавр то ҳол дар кишвар 16829 нафар ин вирусро ба хубӣ пушти сар кардаанд.
Шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи август
Қобили зикр аст, ки аз моҳи август то кунун дар Тоҷикистон коҳиши шумораи ҳолатҳои нави ин беморӣ мушоҳида мешавад.
Медсестра в инфекционной клинической больнице №2 Департамента здравоохранения города Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Тавсияи пизишк: пас аз COVID - 19 муоинаи гурда ҳатмист
Ҳамин тавр, агар дар аввали моҳ ҳар рӯз тақрибан 70 нафар бемор мешуд, дар охири моҳи август ин рақам то 30 нафар коҳиш ёфт.
Ҳамзамон тибқи иттилои мақомот дар кишвар наздик ба 3 миллион тан ваксина гирифтаанд.
Қаблан вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гуфта буд, ки кишвар мавҷи дуввуми COVID-19-ро, ки охири моҳи июн оғоз шуда буд, дилпурона паси сар карда истодааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала