Парлумони Тоҷикистон Қонуни афвро ҷонибдорӣ кард: киҳо озод мешаванд?

© SputnikАмнистия заключенных в Согдийской области
Амнистия заключенных в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Ҳамакнун 16 ҳазор маҳкумшударо дар Тоҷикистон озодӣ интизор аст
ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Дар Ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, ки таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода, раиси палатаи поёнии Парлумон баргузор гардид, вакилон "Қонуни афв" - ро тасдиқ кардаанд.
Лоиҳаи ин қонунро дар парлумон , Дилшод Талбакзода, муовини додситони кулли кишвар, муаррифӣ карду гуфт, ки ин тарҳ фарогири 16 ҳазор нафар буда, ҳадафаш ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонидани маҳбусон аст.
Афв дар асоси принсипи инсондустӣ ва ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сурат гирифта, ба доираи васеи маҳкумшудагон ва шахсоне, ки парвандаи онҳо таҳти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва дар баррасии судӣ қарор доранд, татбиқ мегардад.
Лоиҳаи Қонун шахсони зеринро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо пурра озод мекунад: шахсоне, ки: аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд; нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст; ҷазо нисбати онҳо шартан татбиқ карда нашудааст; ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд; шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд; ба ҷазои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шудаанд; барои ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ дошта маҳкум шудаанд ва зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ кардаанд.
"Дар лоиҳаи қонун нисбат ба занҳо, ноболиғон, шахсони синнашон аз 55 боло, маъюбон, беморони дараҷаи вазнин, шахсони дорои мукофотҳои давлатӣ, иштирокчиёни ҷанг ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва шаҳрвандони хориҷӣ бартарӣ дода шудааст", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод карда мешаванд, агар ҷинояти содиркардаашон ба ҷиноятҳое, ки нисбат ба онҳо дар Қонун “Дар бораи авф” маҳдудиятҳо пешбинӣ шудааст, мансуб набошад.
Тибқи маълумоти пешакӣ қонун нисбати 16 000 нафар татбиқ мегардад ва аз ин миқдор 10 700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд.
Аз ҷумла, 800 нафар гумонбаршавандагон ва айбдоршавандагон, 350 нафар судшавандагон, қариб 3000 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ, 1900 нафар маҳкумшудагон аз колонияҳои ислоҳии сукунат ва 4650 нафар маҳкумшудагон аз нозироти корҳои ислоҳӣ озод карда мешаванд.
Муродали Алимардон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Бародари Алимардонов 105 миллион қарзро ба давлат баргардонду афв шуд
Ҳамзамон муҳлати ҷазои 5300 нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад.
"Авф нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои махсусан вазнинро бо ҳолатҳои вазнинкунанда содир намудаанд, инчунин онҳое, ки қаблан дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё адои боқимондаи ҷазо озод шуда буданд ва боз ҷиноятӣ қасдона содир кардаанд, татбиқ намегардад", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти татбиқкунандаи он бояд дар муҳлати ду моҳ иҷро карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала