Пранкери маҳкумшудаи тоҷик дар Маскав ба озодӣ баромад

© Пресс-служба Пресненского суда / Гузаштан ба хазинаи аксОглашение приговора К. Джаборову
Оглашение приговора К. Джаборову - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Кароматулло Ҷабборов, блогери тоҷик, ки дар метрои шаҳри Маскав хуруҷи коронавирусро саҳнасозӣ карду маҳкум ба зиндон шуд, озод гардид
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Аз озодии Кароматулло Ҷабборов, пранкери маҳкумшудаи тоҷик дар Маскав хабаргузории ТАСС бо такя ба Роман Шахманов хабар додааст.
"Ҷабборов ба озодӣ баромад, чун на додситонӣ ва на идораи метро аз болои қарори додгоҳ шикоят набурд", - хабар додааст вакили дифоъ.
Ахиран додгоҳи Пресненскии Маскав блогери тоҷик Кароматулло Ҷаборовро барои "пранк"- и "ҳамлаи коронавирус" дар метрои пойтахт ба ду солу чор моҳи зиндон маҳкум кард. Ҳукми додгоҳ ба иҷро даромад ва бо назардошти муҳлате, ки ҷавон дар боздоштгоҳи муваққатӣ гузаронд, ӯ ба озодӣ баромад, хабар додааст вакили дифоъ.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли 2020 мақомоти Русия аз боздошти як ҷавоне хабар доданд, ки барои сабти "пранк" дар метрои Маскав худро гирифтори коронавирус вонамуд карда, боиси ҳароси бошандагон гардид.
Заседание суда по делу срочника Шамсутдинова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Талаби 4 соли зиндон ба блогери тоҷик, барои "пранк" дар метрои Маскав
Тавре дар видеое, ки дар интернет паҳн шудааст, дида мешавад, ҷавони тоҷик дар даҳонаш ниқоб вориди вагон мешаваду худро ба фарш мепартояд ва ба дасту по задан медарояд.
Иштироркдори дувуми "пранк", ин вақт фарёд мезанад, ки "коронавирус инҷост, зудтар гурезед!" ва мусофирон дар ҳоли парешон аз вагон фирор мекунанд. Баъдтар, навори "шӯхӣ" дар шабакаи Ҷаборов дар Ютюб гузошта шуд ва кормандони пулиси Маскав бар асоси моддаи "Авбошӣ" алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз карданд.
Вакили дифои Ҷабборов он замон шӯхии ҷавонро чун кӯшиши ҷалб кардани диққати мардум ба маризӣ маънидод карда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала