Тоҷикистон гуфт, Толибон* бо мусоидати кишвари сеюм болои Панҷшер ҳамла мекунанд

© МИД РТМинистр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Тоҷикистон ба ҷой доштани дасти сеюм дар ҳамла болои Панҷшер гуфта, аз ҷаҳониён талаб кард, ки ба Толибон* таъсир расонанд
ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасте оид ба Афғонистон, ки бо ташаббуси ИМА ва Олмон сурат гирифт, ширкат ва суханронӣ кард.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ, таъкид кардааст, ки ҷомеаи байналмилалӣ тӯли 20 сол натавонист дар Афғонистон тартибро ҷорӣ кунад ва даҳҳо ҳазор террористро дар ин кишвар “мерос” монд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
"Ман дар ҳайратам": нигаронии Раҳмон аз хомӯшии ҷаҳон дар баробари Афғонистон
Ин кишвар ба маркази нооромиву бесуботи мубаддал гардид. Дар ин вазъият Тоҷикистон, ки бо ин кишвар марзи тӯлонӣ ва ҳассос дорад чи амалкардаҳое бояд дошта бошад? Суол гузоштааст, вазири тоҷик.
Сироҷиддин Муҳриддин дар идомаи суханронӣ мавзӯи ҷанг дар Панҷшерро низ зикр карда, гуфтааст, ки Толибон* ҳавопаймоҳоро бо мусоидати кишварҳои сеюм зимни ҳамлаҳо ба Панҷшер истифода мебаранд, ки боиси кушта шудани теъдоди зиёди мардуми бумӣ, яъне тоҷикон мегардад.
"Аз ин рӯ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро даъват кард, ки ба Толибон* таъсир расонанд ва дар пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсӣ дар буҳрони ҷорӣ мусоидат намояд", - таъкид кардааст Муҳриддин.
Ӯ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон танҳо ҳукумати фарогирро бо иштироки тамоми гурӯҳҳои этникӣ, ки дар он тоҷикони Афғонистон ҷойи сазовори худро ишғол мекунанд, дастгирӣ хоҳад кард.
Дар нишасти маҷозӣ ҳамзамон роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии Австралия, Баҳрайн, Канада, Фаронса, Ҳиндустон, Италия, Япония, Кувайт, Норвегия, Покистон, Қатар, Ҷумҳурии Корея, Арабистони Саудӣ, Испания, Туркия, Туркманистон, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, Британияи Кабир, ИА ва СААШ, СММ ширкат доштаанд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои нишаст диққати асосиро ба мавзӯи гурезаҳо, мубориза бо терроризм, расонидани кумаки гуманитарӣ ба аҳолии Афғонистон ва ҳамкориҳои кишварҳо барои роҳ надодан ба фоҷеаи гуманитарӣ дар ин кишвар равона карданд.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон маманӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала