"Соро компания" бо ҳисоби калон дастаи "Помир" - ро шикаст дод

© Pixabay Футзал, архивное фото
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Дастаи футзали “Соро компания” ғолиби марҳилаи аввали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 гардид
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар даври ҷамъбастии қаҳрамонӣ "Соро компания"-и Душанбе бар тими "Помир"-и Хоруғ бо ҳисоби 9:3 пирӯз шуд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар ду бозии дигар “Сипар”-и Хуҷанд бар “Пойтахт” бо ҳисоби 3:1 ва “Истиқлол” бар тими “Самандар”-и Турсунзода бо ҳисоби 12:2 ғалаба карданд.

Бо натиҷагирӣ аз даҳ даври лигаи футзал “Соро компания” ва “Сипар” 25-холӣ ба даст оварданд, вале аз ҳисоби пирӯзӣ дар бозиҳои хусусӣ “Соро компания” ҷои аввалро сазовор гардид.

Ҳамин тариқ, “Соро компания” ва “Сипар” ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Мини-футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Пирӯзии "Соро компания" ва "Помир" дар Лигаи футзали Тоҷикистон
Дар даври чорякфинал бошад, “Истиқлол” – “Самандар” ва “Помир” – “Пойтахт” барои ду роҳхати дигари даври нимфинал талош мекунанд.

Даври чорякфинал аз силсилаи бозиҳо то ду ғалабаи яке аз дастаҳо идома меёбад. Даври нимниҳоӣ низ аз силсилаи бозиҳо то ду ғалаба иборат аст.

Ғолибони давни нимниҳоӣ дар финал, дастаҳои мағлуб дар бозӣ барои ҷои сеюм бо ҳам вомехӯранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала