ЮНЕСКО сатҳи дониши шаҳрвандони Ӯзбекистонро сад фисад арзёбӣ кард

© Юрий Корсунцев / «Газета.uz»Узбекистанцы во время праздника
Узбекистанцы во время праздника - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Дар давоми се соли охир шумораи мактабҳои олӣ дар ҷумҳурӣ ду баробар афзоиш ёфт. Интизор меравад, то соли 2030 мизони фарогирии мактабҳои олӣ то 60 дарсад расонда шавад
ДУШАНБЕ, 13 сен – Sputnik. Дар Ӯзбекистон соли ҷорӣ сатҳи дониши шаҳрвандон ба 99,99 фисад баробар шудааст. Дар ин бора ЮНЕСКО дар гузориши ахири худ хабар дод.
Тибқи гузориши ин созмон, новобаста аз афзоиши сареи аҳолӣ мақомоти маҳаллӣ тавонистанд доираи фарогирии таҳсилоти томактабиро аз 24 дарсади соли 2017 то 62 фисад дар соли ҷорӣ афзоиш диҳанд.
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Пешниҳоди сабти қалъаи Ҳисори Тоҷикистон дар феҳристи осори ҷаҳонии ЮНЕСКО
Бар замми ин давоми се соли ахир шумораи мактабҳои олӣ дар Ӯзбекистон ду маротиба афзоиш ёфтааст. Интизор меравад, то соли 2030 мизони фарогирии мактабҳои олӣ то 60 фисад расонида шавад.
Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли 2022 дар Тошканд Конфронси умумиҷаҳонии таҳсилоти томактабӣ таҳти роҳбарии ЮНЕСКО баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала